Ҷазои гунаҳкорон баъди се соли “разбор”-и мусаллаҳона дар Душанбе
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, баъди се соли муноқишаи мусаллаҳона дар кӯчаи Ғаффурови шаҳри Душанбе иштирокдорони он ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шаҳрвандон Сайфуддинов Талабшо, Тураев Эраҷ, Каримов Алиҷон ва Зауров Меҳроҷ дар он гунаҳкор дониста шуданд, ки 20 июли соли 2013 тахминан соати 22 дар кӯчаи Ғафуров бо чубдасти варзишӣ ва тапончаҳои травматикӣ мусаллаҳ гардида, ба сӯи якдигар оташ кушодаанд.
Ба иттилои манбаъ ин афрод, ки дар гузашта аз ду то ҳафт маротиба суд шудаанд, давоми зиёда аз 15 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд.
Додситонии кул афзуд, бо қарори додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 14 октябри соли 2016 Сайфуддинов барои авбошии мусаллаҳона ба 5 соли зиндон, Тураев ба 6 сол, Каримов 7 сол ва Зауров ба 4 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |