Қарори Убайдуллоев барои насби расмҳои калони Президент дар Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор муовинаш Ҷамила Лангариеваро муваззаф намудааст, ки расмҳои калони Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Президенти мо-Пешвои мост»-ро омодаю дар кӯчаҳои пойтахт насб кунад.
Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев қарор кардааст, ки инчунин дар муассисаҳои томактабӣ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» гузаронда шавад.
Масъулини шаҳрдорӣ муваззаф шудаанд, ки бо ҷалби ансамблҳои маъруфи кишвар дар боғҳои пойтахт сайругашти оммавии шаҳрвандонро ташкил кунанд: “Дар Боғи устод Рӯдакӣ дастаҳои ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, ансамблҳои «Сомон» ва «Лола», дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ансамблҳои «Гулшан», «Зебо» ва «Ҷаҳоноро», дар «Кӯли ҷавонон» - ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар майдони «800-солагии Москва - ансамблҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард”.
Намоиши асарҳои Президент, барномаҳои телевизионӣ ва мақолаҳо дар бораи ӯ, намоишномаҳои театрии ройгон, мусобиқаҳо аз тамоми намудҳои варзиш аз қисмҳои дигари барномаи таҷлили Рӯзи Президент мебошанд, ки бояд то 16-уми ноябр амалӣ шаванд.
Парлумони Тоҷикистон соли равон бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” 16 ноябрро «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуда, он ҳамасола бидуни истироҳат таҷлил мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |