А.Раҷабов: Фавти беморон аз сил коҳиш ёфтааст (АКС+ВИДЕО)

Мизони бемории сил дар Тоҷикистон тайи солҳои охир бо суръат коҳиш меёбад. Агар дар гузашта сатҳи гирифторӣ ба сил 85 дарсад ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ рост меомад, соли 2015 ин нишондод наздики 25 фисад коҳиш ёфтааст. Ин нуктаро Аслиддин Раҷабов, иҷрокунандаи вазифаи сарвари маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил иброз дошт. Ӯ дар ҳошияи дуюмин Ҷаласаи Эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ба хабаргузории “Озодагон” сабаби коҳишёбии бемории силро “роҳандозии барномаву чорабиниҳо ва машваратҳо” унвон кард.
Оқои Раҷабов мегӯяд, фавти беморон аз ин беморӣ ҳам ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст: “Агар солҳои қаблӣ 7,5 фисад фавт ба 100 ҳазор аҳолӣ аз ин беморӣ буд, соли 2015 ин ба 3,5 фисад ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд”.
Дар Ҷаласаи Эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ дар як сол тақрибан панҷ ҳазор нафар гирифтори бемории сил мешаванд ва 20 дарсади онҳо шакли мутобиқгаштаи сил мебошанд: “Дар миқёси ҷумҳурӣ 75 фисад аз ҳамаи ҳолатҳои гирифторшавии беморони сил дар байни шахсони камбизоат ва онҳое, ки синну солашон корӣ (15-54) ҳастанд, рӯ медиҳад”.
Таъкид шуд, дар ҳар 18 сония дар ҷаҳон як нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расида, аз рӯи омори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2014 дар тамоми ҷаҳон 10,4 миллион нафар гирифтори бемории сил гашта 1,8 миллион фавтидааст.
Сабаби асосии рушди бемории силро иштирокдорони ҳамоиш беаҳамиятии худи беморон хонданд, ки саривақт ба нуктаҳои табобати муроҷиат намекунанд: “Ҳар нафаре ки аввалин нишонаҳои бемориро мушоҳида кард, бояд ҳатман ба табиб муроҷиат кунад, то ба дигарон сироят накунад”.
Толибҷон Каримов, собиқ бемори сил дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, замони дар муҳоҷират будан ба ин беморӣ гирифтор шуд. Ӯ сабаби ба бемории сил гирифтор шудани муҳоҷиринро дар паст будани шароити зист, иқлими номусоид, таъмин набудан бо ғизои саривақтиву гарм ва маълумоти кофӣ надоштан оид ба пешгирии ин намуди беморӣ хонд.
Вай афзуд, баъди гирифтор шудан ба ин беморӣ ба Ватан баргашта, ҳашт моҳ табобат гирифт. Каримов аз ҳамаи онҳое ки ба ин беморӣ гирифторанду бо сабабҳои номаълум аз табобат даст мекашанд, даъват намуд, саривақт муроҷиат намоянд, то дигар аъзои оилаашонро гирифторнакунанд.
Ба иттилои ҳозирин бемории сил бемории ирсӣ набуда, аз одами бемор ба таври қатрагӣ-ҳавоӣ мегузарад ва ҳар нафар бояд дар бораи ин беморӣ аломатҳои пайдоши он маълумотҳои ибтидоӣ дошта бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |