Эълони озмун барои ҷоизаи Шерализода, нахустин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” барои дарёфти Ҷоизаи махсуси ин нашри - Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода дар соли 2016 озмун эълон мекунад.
Одили Нозир, масъули озмун ба “Озодагон” гуфт, ғолибро Шоҳҷоиза – Нишони сарисинагӣ, ҳуҷҷат, диплом ва 2000 сомонӣ маблағ интизор аст.
Ба иттилои манбаъ ҳафтаномаи “Тоҷикистон” соли гузашта дар 70-умин солгарди мавлуди аввалин сардабири рӯзномаи “Садои мардум”, вакили Шурои олӣ, аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ Ҷоизаи махсусеро ба номи Муродулло Шерализода таъсис дода буд: “Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода ҳамасола як маротиба баъди гузаронидани озмун дар мавзӯи мушаххас ба ғолиб тақдим мегардад”.
Одили Нозир изҳор дошт, ки дар озмуни имсола ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода ба муаллифи беҳтарин маводе, ки (жанр муҳим нест) дар мавзӯи одаму одамгарӣ эҷод шудааст, супорида мешавад. “Матолибе, ки дар мавзӯи одаму одамгарӣ пешниҳод мегарданд, бояд на беш аз 2 саҳифаи ворд бо шрифти 14 бошанд. Матолиби барои озмун фиристодашуда дар “Тоҷикистон” чоп мешаванд”.
Ба гуфтаи Одили Нозир, озмун дар ҷашни 25-солагии ҳафтаномаи “Тоҷикистон», ки моҳи марти соли 2017 таҷлил мешавад, ҷамъбаст гардида, хоҳишмандон имкон доранд маводҳои худро то 1 марти соли 2017 бо почтаи электронии odili.nozir@mail.ru, tojikiston@pressa.tj, tojikiston-1992@mail.ru ва ё бевосита ба идораи ҳафтанома фиристанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |