Мирзозода дар бораи “хатнатӯй”-и ҳоҷиҳо ва андозҷамъкунии масъулини танзим
Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин мегӯяд, бархе аз масъулини танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милллӣ ба ҷои иҷрои вазифаи худ дар маҳалҳо ба ҷамъоварии андоз, пули барқ ва даъвати наваскарон ҷалб шудаанд. Ӯ ин нуктаро дар як матлаб дар сомонаи расмии Кумитаи дин изҳор дошта, таъкид намудааст, бархе аз мудирони бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар маъракаҳои шахсияшон қонуншиканӣ намуда, барои рӯйпӯш намудани ҳоҷиталбону ҳоҷиошӣ ба соҳибони маъракаҳо тавсияномаҳои хатнатуй медиҳанд.
Мирзозода аз натиҷаи “рейд”-и махсуси 5 гуруҳи кории Кумитаи дин дар маҳалҳо, ки ҷараёни пешвози ҳоҷиёнро назорат мекардаанд, изҳор дошт, ки камбудиҳои зиёди соҳаро ошкор намуданд: “Аз ҷумла ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст. Аммо аксаран маъракаҳои ҳоҷиён бо мусоидати масъулон бо додани тавсияномаҳои хатнатӯй сурат гирифта, бо ин амалашон мехоҳанд қонуншиканиҳоро либоси расмӣ пӯшонанд”.
Гурӯҳҳои корӣ дар пайи боздид аз манзили 600 ҳоҷӣ 80 ҳолати қонуншиканиро пешгирӣ намуда, 43 ҳолати қонуншиканиро ошкор кардаанд.
Ба иттилои Мирзозода дар миёни қонуншиканҳо мансабдорон, аз ҷумла масъулини Кумитаи дин низ буданд. Ӯ Камолов Ҷамолиддин, мудири бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Ҷайҳунро мисол овард, ки дар якҷоягӣ бо падараш дар сафари ҳаҷ буда, баъди бозгашт 5 октябри соли 2016 бо омода намудани ду таом дар рӯзи корӣ маъракаороӣ намудааст: “Раиси маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Алияров Худойназар баъди бозгашт аз сафари ҳаҷ дар соат ва рӯзи корӣ, бо оростани дастархони пур аз нозу неъмат маърака баргузор намудааст, ки солҳои пеш чунин ҳолатҳо ба назар намерасид. Мудири бахши ноҳияи Айнӣ Ахмедов Бақо ва мудири бахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Саъдуллоев Сафаралӣ ба даъвати гурӯҳи корӣ беэътиноӣ намуда, ба ҷои ҳодиса бо сад баҳона ҳозир нашуданд. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ Раҳимов Р. ба ҷои пешгирии маъракаи манъшудаи ҳоҷиошӣ, баръакс бо додани тавсияномаи хатнасур ба қонуншиканӣ мусоидат намудааст”.
Мирзозода мегӯяд, масъулони соҳа дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, ноҳияҳои Дӯстӣ, Айнӣ, Ҷайҳун, Панҷ ва Шаҳритус ҳамкориро бо гурӯҳи корӣ дуруст ба роҳ намонда, кӯшиш менамуданд, камбудиҳо ошкор нагарданд.
Ӯ инчунин аз муносибати раиси ҷамоати деҳоти Н.Холматови ноҳияи Шаҳритус бо масъулини гуруҳи корӣ интиқод намудааст: “Раиси ҷамоати деҳоти Н.Холматов ба ҷои ҳамкорӣ бо гурӯҳи корӣ, ки масофаи садҳо километрро тай карда, аз пойтахти кишвар барои пешгирии қонуншиканиҳо ва кӯмак расида омадаанд, беэътиноӣ намуда, аз курсии бофароғати утоқи кориаш назди меҳмонон хестанро зарур надонист, ки баъди дидани чунин саҳна аз ӯ чизи бештареро умед кардан мумкин набуд. Ибораи “ба тарафи Раиси ҷамоат ҳар саг меҷакад”- чӣ маънӣ дошта бошад? Саволе пайдо мегардад, ки оё Раиси “муҳтарами” ҷамоат аз Кодекси одоби хизматчии давлатӣ огоҳӣ дошта бошад? Ба ҳамин монанд, сармутахассиси ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор даъвати гурӯҳи кориро паси гӯш карда, роҳи осони корро дар гурез пайдо намуд”.
Муовини раиси Кумитаи дин дар охир тақвияти фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва чамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро зарур хонда, риояи қонуни танзимро роҳи халосӣ аз буҳрони иқтисодӣ хондааст, ки феълан тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |