Додгоҳ никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон ва зани русро тақаллубӣ гуфтааст
Додгоҳе дар Магнитогорски вилояти Челябинск ақди никоҳи як сокини маҳаллӣ ва шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти додситонии вилоят, дар рафти санҷиш маълум шуда, ки шаҳрванди Тоҷикистон танҳо барои дарёфти иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар Русия бо сокини Урали Ҷанубӣ никоҳ кардааст.
Ин аввалин ҳолати бекор намудани ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хонумҳои рус нест. Дар гузашта низ расонаҳо аз чандин ҳолатҳои мушобеҳ хабар дода буданд. Дар бештари маврид сабаби никоҳҳои тақаллубӣ дарёфти шаҳрвандии Русия унвон мешавад. Ҳатто дар як маврид аз бекор шудани ақди никоҳи як хонуми тоҷик бо марди рус иттилоъ дода шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |