Манобеи “Озодагон”: Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар хонааш захмӣ шудааст
Муҳаммадгул Зулмай Юнусӣ, сафири навтаъини Афғонистон дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи террористӣ ба консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон захмӣ шудааст.
Манобеи “Озодагон” аз Афғонистон иттилоъ доданд, ки “манзили Зулмай Юнусӣ ба маҳалли инфиҷор наздик буда ва ӯ бар асари шикастани шишаҳои хонааш захмӣ шудааст”.
Манбаъ, ки сафири тозатаъйини Афғонистонро аз наздик дидааст, васъи саломатии ӯро хуб гуфт.
Cоатҳои 23:00-и шаби гузашта як мошини ҳомили маводи мунфаҷир дар назди девори кунсулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф таркида, 6 кушта ва 129 маҷруҳ барҷой гузошт. Вазорати хориҷаи Олмон иттилоъ додааст, ки ба 20 корманди консулгарии ин кишвар осебе нарасаидааст ва ба ҷойи дигар мунтақил шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |