Президент дар бораи тасвирҳои асри санг дар ВМКБ ва сабаби ҳимояташ аз фарҳанг
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 11-уми ноябр дар маросими ифтитоҳи Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим», дар ҳузури рассомони беш аз 30 кишвари Осиёю Аврупо суханронӣ намуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин маросим изҳор дошт, ки дар сиёсаташ ҳамеша аз фарҳанг пуштибонӣ мекунад, зеро “фарҳанг метавонад, ки ба инсон барои раҳоӣ аз хатарҳои даҳшатбор кумак намояд, ба вай нерӯи созандагӣ бахшад ва одамиро аз вазъи ниҳоят сангини дар зеҳн парваридани нафрату хушунат берун оварда, ӯро ҷиҳати ба даст овардани дилҳо ва таъмину таҳкими сулҳу субот дар сайёра раҳнамоӣ намояд”.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин осори рассомонро таҳлил карда, изҳор дошт, ки “дар тасаввуроти рассомон ранги сиёҳ чун ҳалқаи торикӣ ифода шуда, ба муқобилаш рангҳои сабзу сурху сафеду гулобӣ, ки ифодагари сулҳ, зебоӣ, равшанӣ, хушбахтӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату одамгарӣ мебошад, бештар мавриди истифода қарор мегиранд. Аз интихоби рангҳо низ бармеояд, ки рассомон мисли дигар гурӯҳҳои аҳли фарҳанг тарғибгари сулҳу субот ва вахдати комил миёни инсону коинот мебошанд”.
Ӯ инчунин аз аҳаммияти Роҳи бузурги абрешим зикр карда, илова намудааст, ки аз давраи падид омадани ин шоҳроҳ тоҷикон ба мисли мардуми Чин ба хотири таҳким ва пешрафти ин роҳи тавоно талош карда, ҳатто забони суғдӣ то як муддат ба василаи забони муоширати байни халқҳо хизмат карда, боиси васеъ шудани ҷуғрофияи ин роҳи тиҷорат аз Чин то соҳилҳои баҳри Миёназамин гардидааст: “Баъдтар маҳз бо таъсири ин роҳи бузург робитаҳои фарҳангӣ низ ба вуҷуд омада, ба яке аз омилҳои рушди фарҳанг, бахусус мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ, меъморӣ ва монанди инҳо табдил ёфтаанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди таърихи санъати рассомӣ дар кишвар изҳор доштааст, ки “аввалин тасвирҳои рӯисангиро бостоншиносон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баландии 4100 метр аз сатҳи баҳр ёфтаанд. Онҳо ба фарҳанги ба ном маркансоӣ мансубанд, ки фарҳанги аз ҳама баландкӯҳи асри санг дар ҷаҳон мебошад”.
Ӯ афзуд, ки дар асрҳои миёна санъати ороиши китоб ва минётурнигории мусаввирони тоҷик бештар тараққӣ карда, онҳо маъмулан дар асоси сюжети асарҳои манзум офарида мешуданд: “Дар охири асри 14 ва ибтидои асри 15 мактаби миниатюраи Ҳирот таъсис ёфтааст, ки Камолиддини Беҳзод намояндаи бузургтарини ин мактаби эҷодӣ мебошад. Беҳзод дар Шарқ бо лақаби «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» низ маъруф буда, муосиронаш ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи даврон» ва «нодири даврон» номидаанд. Реализми осори Беҳзод бештар дар нигоришҳое падидор мешавад, ки ҳаёти воқеии халқро ифода мекунанд. Чеҳранигорӣ дар эҷодиёти Беҳзод низ мавқеи махсус дорад. Маҳз ба қалами ӯ портретҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Султоналии Хаттот, Ҳоҷӣ Муҳаммад ва дигарон тасвир шуда, то замони мо расидаанд”.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистони мо гӯё маҳз барои рассомон офарида шудааст: “Зебоиву назокати кӯҳҳо, шаршараву дараҳои камназир ва дигар манзараҳои нотакрори табиат барои рассомон ва манзарасозон маводи зиёд медиҳад. Бовар дорам, ки рассомон ин имкониятро истифода карда, аз манзараҳои рангини кишвари мо ҳарчи бештар баҳра мебардоранд ва гӯшаҳои мухталифи диёри моро дар асарҳояшон ҷой мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |