Дар ин бора дӯст ва ҳамзамон мухлиси ашадии ӯ, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло зимни як нишасти хабарии созмонёфта дар ҳузури журналистон иброз дошт. Ҳамчунин ӯ афзуд, шояд дар шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ ягон рӯйхати ғайрирасмӣ вуҷуд дорад, чаро ки тӯли ин қадар солҳо мо консертҳои Муборакшо Мирзоев ва Субҳони Саидро надидаем.
Фурқати Сайид, яке аз дигар дӯстони Субҳони Саид мегӯяд, ман ҳам фикр мекунам, ки вақтҳои охир дар саҳна набудани Субҳони Саид, ин дар телвизион пахш накардани сабту барномаҳои консертиаш мебошад.Чунки телевизион барои ҳунарманд ин аз нав зинда шудани ӯ маҳсуб мегардад: «Ҳунарманди асил вақте таронаи навашро ба мардум пешкаш мекунад ва тариқи телевизион мебинад, аз байни гурӯҳе, ки баромад кардааст ва баромади ӯро аз барномаи телвизион қайчӣ мекунанд ва як овозхоне, ки нав пайраҳои ҳунарро тай кардан дорад, бо оҳангу шеъри паст ба дили мардум ҷой надорад, намоиш медиҳанд, дилаш аз ҳамаи ин намоиш доданҳо мемонаду бемор мешавад».
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |