Кӯлоб: Мактаби "куҳна" дар асри нав (АКС+ВИДЕО)
Сокинони рустои Танёли ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб 30 сол мешавад, ки дар интизори мактаби нав ҳастанд. Мактаби мавҷуд дар ошёнаи аввали манзили шахсии як сокини деҳа ҷойгир аст.
Ин муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, филилиали мактаби 17-и деҳаи Гулизор мебошад, ки ҳоли чандон хубе надорад. Нурҷон Қосимова, ки собиқаи 16-солаи омӯзгорӣ дар ин мактабро дорад, ба “Озодагон” гуфт, рӯзҳои абрӣ маҷбуранд зери рӯшноии шамъу чароғҳои равшанидиҳанда (фонарик) ба хонандаҳо дарс гӯянд: “Вақте хонандаҳо дарс меоянд, аллакай барқ хомӯш мешавад. Субҳ аз соати 5 то 8 барқ дода мешавад. Рӯзҳои абрӣ синфхонаҳо тамоман торик ҳастанд ва имкони дарс гузаштан нест, ба ҳамин хотир шамъ ё “фонарик” рӯшан карда, машғулият мегузаронем".
Дар ин муассисаи таълимӣ 6 муаллим ба 85 хонанда таълим медиҳанд. Омӯзгорон мегӯянд, мактаб 30 сол аст, ки дар бинои истиқоматӣ фаъолият дорад. Дар ошёнаи дуюми бино соҳибхона зиндагӣ мекунад. “Шогирдон майдончаи варзишӣ надоранд, аз ин рӯ дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар дохили синфхона мегузаронем”,-изҳор дошт як омӯзгор.
Ба гуфтаи ӯ, дархостҳои омӯзгорону сокинони деҳа ба Ҳукумати шаҳр ва вилоят барои бунёди мактаб бенатиҷа мондаанд: “Дар оморҳои додаи бахши маорифи шаҳр ва минтақа оварда шудааст, ки дар шаҳри Кӯлоб мактабҳо пурра аз таъмир ва аз хонаҳои истиқоматӣ бароварда шудаанд. Ҳатто соли 2014 дар рӯзномаи “Омӯзгор” матлабе чоп шуд ки сохтмони мактаб шурӯъ шуд, дар ҳоле ки ягон хел сохтмонро то ҳол шурӯъ накардаанд”.
Дар ҳамин ҳол аз бахши марофи шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, қитъаи замин барои сохтмони мактаб ҷудо шуда, аммо ҳанӯз маблағ ворид нашудааст: “Маблағи умумӣ барои сохтмон 500 ҳазор сомонӣ муайян шудааст”.
Деҳаи Танёл аз маркази шаҳри Кӯлоб дар масофаи 28 км ҷойгир аст. Бозорхон Расулов, раиси деҳа мегӯяд, барои сохтмони мактаб даҳҳо маротиба ба масъулини дахлдор муроҷиат намуда, вале ҷавоби мушаххас нагирифтаанд: “Мо 40 сол оби ошомиданӣ надоштем, баъди муроҷиатҳои зиёд бо дастгирии ташкилотҳои ҳориҷӣ ҳамин сол ба мардум оби ошомиданӣ овардем. Аммо мушкили мактаб то ҳол ҳалли худро наёфтааст”.
Хонандаҳои ин филиал то синфи чор дарс омӯхта, барои идомаи таҳсил ба мактаби рақами 17-и деҳаи Гулизор мераванд. Ба гуфтаи сокинон, масофа то рустои Гулизор 3 километрро ташкил медиҳад, ки барои хонандаҳо ҳар рӯз дарс рафтан душвор аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |