Муфтии Маскав: Занони Русия хоҳони никоҳи дуюм бо тоҷикону узбекҳоянд

Илдар Аловиддинов, сардори Раёсати мусалмонҳо ва имомхатиби масҷиди ҷомеи Маскав гуфтааст, муроҷиатҳо барои никоҳи зани дуюм афзоиш ёфтаанд.
Аловиддинов дар суҳбат бо “Озодлик” изҳор доштааст, ки бештар барои никоҳи зани дуюм шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон муроҷиат мекунанд. Ӯ таъкид намудааст, ки дар аксари ҳолатҳо ташаббускори бисёрзанӣ худи занҳоянд ва бештар занони рус моил ба издивоҷ бо мардони муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд: “Бисёри занҳои танҳо ҳавасманданд, ки тибқи қонунҳои шариат шавҳар кунанд”.
Ин руҳонӣ изҳор доштааст, ки дар бештари маврид ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки бо муҳоҷирин издивоҷ кунанд. “Талаботи асосии мо ризоияти ҳамсари аввал аст. Агар мард ба ҳангоми никоҳ розӣ будани ҳамсари якумашро нишон дода наметавонад, мо ӯро никоҳ намекунем”.
Марина Гордина, як сокини 31 солаи вилояти Маскав зани дуввуми Мирзоҳаким, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 17 сол қабл ба Русия рафтааст. Мирзоҳаким ва Марина соҳиби 3 фарзанд буда, ба гуфтаи Марина шавҳари тоҷики ӯ соле як бор ба назди ҳамсари худ ба Тоҷикистон меояд. Гордина мегӯяд, занон дар бораи ҳамдигар иттилоъ доранд ва ҳеч эроде надоранд: “Агар эътироз кунам, метавонам аз оилаам маҳрум шавам. Насиб бошад, то охири умр ҳамроҳи шавҳарам хоҳам гузаронд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |