Шарифӣ, вакили нав аз ҲХДТ ба номи халқ қасам хӯрд
Фирӯза Шарифӣ, вакили нави парлумон аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми ноябр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба номи халқ савганд ёд кард.
Шарифӣ дар пайи муаррифӣ ба узвияти Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб шуд. Ӯ дар курсии вакили парлумон Муҳиддиниён Пулод Муҳиддинро иваз кард, ки ахиран директори Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ таъин гардид.
ШАРИФӢ Фирӯза Бурихонзода 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1995 факултаи филологияи тоҷик ва соли 2014 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз гардида, солҳои 1996-1999 таҳсилро дар шуъбаи рӯзонаи Аспирантураи ҳамин донишгоҳ идома додааст.
Минбаъд дар вазифаҳои гуногуну масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, мансабҳои роҳбарикунандаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон кор карда, ҳамзамон солҳои 2006-2013 раисии бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоятро низ ба уҳда доштааст. Аз феврали соли 2013 дар вазифаи мудири шӯъбаи кор бо занони КИМ ҲХДТ ва ҳамзамон муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |