Умеди Э.Раҳмон аз Трамп: Ҳамкориҳо ғанитару фарохтар хоҳанд шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Доналд Трампро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико табрик кардааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошии худ аз ҷумла навиштааст: “Ҷаноби Олӣ, дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Шумо бо камоли сарфарозӣ табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол медорам”.
Дар идома таъкид шудаааст, ки ҷониби Тоҷикистон омодаи идомаи муколамаи созанда дар ҳамаи сатҳҳо байни ду кишвар мебошад: “Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолиятатон ба ҳайси Сарвари давлат ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи ғанитару фарохтарро касб хоҳанд кард”.
Эмомалӣ Раҳмон дар поёни номаи табрикӣ ба Доналд Трамп сиҳатии комилу саодатмандӣ ва комгорӣ таманно кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |