Сафири нави Саудӣ вориди Душанбе шуд
Абдулазиз бин Муҳаммад Албодӣ, сафири навтаъйини Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон чаҳоршанбеи 9 ноябр ба Душанбе омад. Дар ин бора як манбаи наздик ба сафорати ин кишвар ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҷаноби Муҳаммад Албодӣ бо хатсайри Дубай-Душанбе вориди Тоҷикистон шудааст: “Дар назар аст, ки сафири навтаъйини Шоҳигарии Арабистони Саудӣ эътимодномаи худро рӯзҳои наздик ба Президенти Тоҷикистон бисупорад”.
Вуруди сафири нави Саудӣ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз моҳи марти соли 2015 ин кишвар дар Тоҷикистон сафир надошт ва намояндагии ин кишварро кордори Сафорат раҳбарӣ мекард.
Аз моҳи январи соли 2011 то моҳи марти 2015 дар курсии сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе Бандар Муҳаммад Ҷамил менишаст. Акс аз торнамои akhbaar24.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |