Бахшҳо
10 ноя 2016 08:28Тоҷикистон / Сиёсат

Раҷаби Мирзо: Тоҷикистон аз интихоботи ИМА бояд чӣ бардошт кунад?

Раҷаби МИРЗО

Интихоботи амрикоӣ ба охир нарасидааст. Ин танҳо арқом буд, ки эълон шуд. Ҳарфхо баъд гуфта мешаванд, зеро амрикоиҳо танҳо барои худ президент интихоб накарданд. Ва танҳо худро ҳам ба ҳайрат наоварданд. Шоуе, ки якуним соли ахир идома намуд, танҳо як муҷрӣ (баранда) надошт. Ин ҷо ҳарф аз ҳунари муҷригии (барандаи ток - шоу) Трамп нест. Фаротар аст...

Интихоботи амрикоӣ махсусиятҳои зиёд дорад. Оре, он як механизми бисер душворфаҳм ва хеле гиреҳхӯрда ба назар мерасад. Барои дигарон. Вале шаҳрвандони ИМА медонанд, ки чӣ иттифоқе пеш омадааст. Онҳо пеш аз ҳама итминон доранд, ки қудрати сиёсӣ маҳкам аст ва ин қудрат иштибоҳ намекунад, то манфиатҳои ҳар як шаҳрванд ва дар маҷмӯъ як абарқудрати ҷаҳонро ҳифз кунад...

Интихоботи амрикоӣ, фикр мекунам, як назарсанҷии умумимиллист. Дар 1,5 соли маърака дар ин майдон фикр, андеша, тезисҳои гуногуну ҳатто ихтилофнок барои баҳс партофта мешавад. Аз ин хотир, дар ҷараёни ин шоу аз ҷониби кӣ чӣ гуфта мешавад, муҳим нест. Муҳимтар арзёбии андешаҳост, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд ва онҳоро низоми амрикоӣ иҷозат намедиҳад, ки сарфи назар гарданд. Зимнан, шахсияти номзадҳо низ муҳим нест. Ҳатто афкоре, ки аз забони эшон садо медиҳад. Масоили ахлоқиву равониву маънавӣ ҳам дар доираи ин сиёсату стратегия маъно надоранд. Вагарна тасаввур намоед, ки аз ду номзад, ки маълум буд якеаш ҳатман ба тахт мешинад, чи ҳарфу садо дар муқобили ҳамдигар шунида шуд? Пас масоили ахлоқии номзадҳо муҳим нест. Онҳо рисолати дигар доранд: гуфтани андешаҳои мавҷуд дар ҷомеаи амрикоӣ!

Аз рӯи ин назария, Трампи “русгаро” ва “занакбоз” метавонад комилан шахс ва соҳиби андешаи дигар бошад. Ҳоло ӯ танҳо фикри як қисмати амрикоиҳоро аз минбар гуфт ва ин гуруҳи одамонро, ки бештар ба назар расиданд, ба контроли давлат гирифт! Барои як давлати қавӣ аз назорат дур намондани афкор муҳимтарин унсур аст...

Шахсияти номзадҳо низ, тавре гуфтем, муҳим нест. Ҳоло исбот шуд, ки дар давлати қавӣ ва бонизом ҳатто ХУСА метавонад президент бошад. Оё Обама то чанд соли пеш шахсияти муҳим буд? Трамп чӣ?

Муҳим ин ки низоми собиту устувори давлатдорӣ вуҷуд дорад ва ҳеч кас онро шикаста наметавонад. Ин низом барои “ҳолати Х” ҳам нақшаву барнома дорад, осемасару шитобзада нахоҳад шуд ва дар саросемагӣ ба иштибоҳоти нав роҳ намедиҳад. Ин паёми бисёр муҳими интихоботи амрикоиҳо ва доираҳои таҳлилиаш барои кишварҳое буд, ки дарозмуддат қудратро дар қабзаи дасти як нафар доштаанд ва фикр мекунанд бо рафтани онҳо ин давлат аз байн меравад. Қаззофӣ, ки барои мардумаш миллионҳо бор аз инҳо дида, хизматкарда буд, куҷост? Кишвараш чӣ? Ва акнун он давлат ҳаст?

Барои давлатҳои авторитарӣ бо омадани хонум Клинтон ҳам, фикр мекунам, Кохи сафед барномаҳое рӯи даст дошт. Аммо, оё ягон маркази таҳлилӣ дар Осиёи Миёна боре ин суолро баррасӣ кард, ки чаро 3-4 сафири ахири ИМА дар ин кишварҳо аз ҷумлаи занҳост? Аз ҷумла дар Тоҷикистону Туркманистон....

Таваҷҷуҳ кардед, ки ахбори ҳатто расонаҳои амрикоӣ, назири Озодӣ, тамолили бештар ба Ҳиллари Клинтон доштанд?
Акнун, ки идеяи “матриархат” дар кишварҳои авторитарӣ идома дорад, фикр мекунед барои он ба Трамп барномаву нақшае пешниҳод намекунанд? Ин нуктаро, агар ҷиддӣ намегирем, ба умқи сиёсатҳои ҷиддӣ сарфаҳм намеравем...

Ҳоло маълум нест, ки соҳиби нави Қасри Сафед чӣ тасмимҳое хоҳад гирифту барояш марказҳои тасмимгирандаву таҳлилӣ чӣ пешниҳод мекунанд. Аммо шиори “Амрикои бузург”, ки номзади ҷумҳурихоҳон байрақ мекард, маънои жарфро дар худ дорад. Вагарна оё кӣ ба абарқудратии ИМА феълан шак дорад? Доираҳои таҳлилии Кремл инро мефаҳманд, аз ин хотир, баробари эъломи натиҷаҳои интихобот саволи ҷиддитарро ба баррасӣ гузоштанд: “Русия акнун рақиби ҷиддиашро аз даст дод. Аз ин пас чӣ кор бояд кунем?".

Албатта Трамп, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали номзадиаш ифтихор мекард, ки дар тарҷума маънои насабаш “карта” (козырь) аст. Пас гуфтан мумкин нест, ки аз ин карта кӣ ба манфиатҳои худ бозӣ хоҳад кард...

Тоҷикистон чӣ бояд кунад?
Дугонаи (двойники) Трамп вақте дар хиёбонҳо бо мардум суҳбат мекард, аз онҳо зодбумашонро мепурсид ва пас аз посух дар бораи ин кишвар ва мавқеъгириҳояш ҳарф мезад. Иттифоқан як тоҷик ҳам сари роҳаш пайдо шуд. Вале “Трамп” гуфт ҳатто номи Тоҷикистонро талаффуз карда наметавонад, чӣ расад дар бораи тасаввуроту мавқеъгириҳояш аз кишвари мо. Ин набояд барои мо меъёри оромт бошад. Хоса, вақте сиёсатҳои геостратегӣ дар Осиёи Марказӣ ҳарчӣ аёнтар мешаванд. Чанд рӯзе пеш як вакили парлумони Афғонистон гуфт, аз рӯи маълумоти ӯ, тайёраҳои Ғарб “муҷоҳиддини” ба ном “Давлати Исломӣ”-ро аз Сурияву Ироқ ба Покистон интиқол медиҳанд, то омода намуда, ба Афғонистон биёранд. Агар ин иттилоъ дақиқ аст, хеле ҷои фикр дорад. Хоса, пас аз як шиори дигари машҳури Трамп, ки дар барномааш зиёд ишора шуд: “Шонаҳои миллатро аз оҳани мустаҳками амрикоӣ хоҳам сохт”...

Пас набояд дар андешаи дуруғини мӯйҳои ҳамеша парешони Трамп буд, ки ҳатман паёми дигаре доранд...
Фикр бояд кард, ҷиддитар...

Ин матлаб аз саҳифаи фейсбуки муаллиф гирифта шудааст
Мӯҳр
а
Хичи напахмидем аз навиштаи Рачаби Мирзо. Чиро бояд чиддитар гирем? Каме фикрхоятонро равшантар нависед, илтимос. Як депутати афгон дуругро пахн кардааст, шумо инчо мардумро метарсонед.

Санавбар
Рачаб дига доно шудай, насихатда гузаштаст. Офарин!!

Dev
Санавбар,
Rajab hamesha dono bud, Rajab hamesha fikru andeshahoi hudashro dorad , vale voj ba holi shumoi hasudi notavon!!!

Муслим
Амрико ба оламиён нишон дод.ки дар хакикат интихоботи президенти шаффоф, демократи, озод ва ракобатпазир барпо шуд. Умед дорем,ки дар оянда дарТочикистон хам, хамин тавр интихоботхо шаффоф, демократи ва озод барпо мешаванд.

МО КУЧОВУ АМРИКО КУЧО ДАР ИН БОРА ХАТТО ФИКР КАРДАН ДУШВОР АСТ

Кавбой
PATRIOT,
Мо дар асри 1 пеши аз мелод

"Оё Обама то чанд соли пеш шахсияти муҳим буд? Трамп чӣ?"
Албатта ки дуяшон шахсияти мухим буданд. Агар мухим намебудан президент интихоб намешуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)