Тағйироти кадрӣ: Аз таъини ИВ раиси шаҳри Хоруғ то муовини раиси Бонки миллӣ ва...
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва раиси Ҳукумати Тоҷикистон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кардааст.
Дафтари матбуоти Президент менависад, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон Алибердиева Қиматгул Худобердиевна бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва Маҳтобшозода Арамбегим Бозор - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин гардид.
Моҳтобшозода то ин вақт мудири Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ” буд.
Азизи Азимбой бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод ва Мирдадо Зариф иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт таъин шудааст: “Тибқи Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло - муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида, фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд”.
Ба иттилои манбаъ, бо амрҳои Президент, Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Азимзода Алимардон Шоимардон - муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Азимзода то ин замон директори Муассисаи “Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин” буд, ки ахиран барҳам дода шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |