Душанбе, 7 Апрел 2025
Мусодираи наздик ба 15 кило маводи нашъадор аз ҳавлии Давлатов
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз боздошти як сокини 53-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабар медиҳад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, хизматчиёни отряди сарҳадии “Шӯрообод” дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-иктишофӣ аз дохили ҳавлии навбунёди Давлатов Сафар Неъматович махфигоҳ пайдо кардаанд: “Аз он тақрибан 15 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Шаҳрванд дастгир карда шуда оиди далели мазкур аз ҷониби Раёсати КДАМ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида корҳои тафтишотӣ идома доранд”.
Манбаъ мегӯяд, бино ба иттилои пешакӣ ин маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Афғонистон интиқол ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |