Раҳимзода: Коррупсия дар ВКД нисбати дигар идораҳо кам шудааст
Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар арафаи иди касбии кормандони милиса, ки 10-уми ноябр таҷлил мешавад, дар бораи бурду бохти тобеинаш суҳбат кардааст.
Раҳимзода дар суҳбат бо хабаргузории расмии “Ховар” гуфтааст, вазъи криминогении кишвар дар миқёси ҷумҳурӣ паст гардида, зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад: “Ҳаёти ҷомеаи моро ягон хатар ва таҳдиде нигарон намекунад. Агар баҳогузории вазъи имрӯзаи ҷомеаро аз ман ба сифати Вазири корҳои дохилӣ не, балки ҳамчун шаҳрванд пурсон мешудед, албатта, бо як шукргузорӣ ва ифтихори бузург аз чунин муҳити орому бехалал изҳори қаноатмандӣ мекардам”.
Ӯ бо тавсиф аз малакаю масъулияти милисаҳои тоҷик изҳор доштааст, “ҳар як амалу рафтори ғайриахлоқӣ ва ғайриоинномавии кормандоне, ки ба нуфузи мақомот иснод меоваранд, аз маърифати паст доштани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Аз он лаҳзае, ки ман ба сифати Вазири корҳои дохилӣ таъйин шудам, пеш аз ҳама, ба сатҳи саводнокӣ ва интизоми корбарии кормандон эътибори ҷиддӣ дода истодаам. Барои барҳам додани чунин омилҳои иснодоваранда, баланд бардоштани маърифат ва муайян кардани сатҳи дониши кормандон дар ВКД Маркази тестӣ таъсис дода шудааст. Барои таъйин ба вазифа ва ё гирифтани рутбаи навбатии низомӣ кормандони милитсия аз сирри давлатӣ ва хизматӣ имтиҳон месупоранд. Албатта, чунин тарзи кор ба интихоби кадрҳои арзанда ва дорои ахлоқу дониши баланд мусоидат мекунад. Талоши мо ҳамеша ба он равона аст, ки чеҳраи аслии милитсияро дар ҷомеа нишон диҳем. Агар Шумо бо таҳлилҳои сотсиологие, ки аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия анҷом дода шудаанд, шинос бошед, сатҳи ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ дар қиёс ба дигар вазорату кумита ва идораҳо аз тарафи кормандони ВКД коҳиш ёфтааст”.
Ба суол дар мавриди тафовути доираи ҷиноятҳо, хулқу рафтор ва чеҳраи ҷинояткорони Тоҷикистони соҳибистиқлолу замони шӯравӣ Раҳимзода посух додааст, ки “аслан дар замони шӯравӣ ҷиноятҳо дар самти иқтисод бештар ба қайд гирифта мешуданд. Изофанависӣ, масрафи молу ашё ва маблағ аз ҷониби баъзе мансабдорон ва ғайра…Ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин низ ба қайд гирифта мешуданд, вале аз ҷиҳати содиршавӣ қариб якранг буданд”.
Ӯ афзудааст, бо шикасти низоми тавонои замони шӯравӣ пайравони олами ҷиноят, бахусус гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аз худ дарак доданд: “Бо дарки чунин омилҳои хатарзо соли 1989 дар таркиби ВКД Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил созмон дода шуд. Самти асосии фаъолияти Раёсати мазкур, пеш аз ҳама, ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, сепаратизм, экстремизм, диверсия ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин нигаронида шудааст. Дар даврони шӯравӣ чунин ҷиноятҳои хатарзо, ки номашон дар боло зикр шуд, умуман дар қаламрави мамлакати шӯравӣ вуҷуд надоштанд. Тафовути милитсияи замони истиқлол аз замони шӯравиро метавон аз зуҳуроти зикршуда муайян кард. Чеҳра ва характери ҷинояткорон низ вобаста ба кирдорашон аз ҷинояткорони даврони шӯравӣ ба куллӣ фарқ доранд”.
Вазири умури дохилӣ зуҳури созмону равияҳои ифротгароию террористиро ташвишовар хонда, афзудааст, ки ин раванд ҳар чи зудтар пешгирию муборизаи ҷиддиро тақозо мекунад: “Чунки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ бо тарғиботу идеологияҳои ботили худ ба шуури инсоният, бахусус ҷавонону наврасон таъсири зишт расонида, ақидаву афкори мардумро ба зиндагии хушу озод тағйир дода, бо ин васила сафи ҳаммаслакони худро зиёд месозанд. ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аз роҳу усулҳои хоси оперативӣ истифодаи натиҷабахш дорад. Ҳамеша дар байни аҳолӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳии пешгирикунанда доир карда истодаем, то ҷавонони ҳамватани мо аз пайравӣ ва шомилшавӣ ба ҳар гуна равия ва ҷараёнҳои ситезагаро худдорӣ намоянд. Чунин тарзи ҳамкории мо бо мардум натиҷаҳои хуб дода истодааст”.
Дар охир Раҳимзода тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, генералҳо, афсарону сарбозон ва прапоршикҳоро бо иди касбияшон табрик намуда, тандурустӣ, хушбахтию саодати рӯзгор ва поктарин садоқати ватандориро орзу кардааст: “Умедворам, ки кормандони милитсия ҳамчун фарзандони содиқи Ватан, муҳофизу пуштибони давлату миллат, ба савганди ёднамудаи худ, ба Конститутсия, ба Президент содиқ монда, бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурда, дар ҳифзи истиқлолияти давлат ва оромию осоиштагии диёр ҷони худро сипар месозанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |