АКС: "Фароз" ҷойи соҳибкорони зараррасонро танг мекунад?

Комбинати металлургӣ дар шаҳри Ҳисор, ки охири ҳафтаи гузашта бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуд, истеҳсоли арматураҳои қутрашон аз 12 то 27 милиметраро ба роҳ мондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон корхонаи мазкур бо фармоиши ширкати «Фароз» бо харҷи 250 миллион сомонӣ сохта шуда, соли аввал 120 ҳазор тонна маҳсулоти маъданиро истеҳсол ва коркард мекунад: “Дар ин ҷо 7 намуди металлҳои сиёҳи сохтмонӣ, аз ҷумла арматура, оҳани секунҷаю чоркунҷа, лулаҳои оҳании гуногуншакл, қубурҳои қутрашон гуногун ва дигар хулаҳои оҳанӣ истеҳсол мекунад. Дар корхонаи металлургӣ таҷҳизоти навтарин аз Федератсияи Русия ворид ва насб карда шудааст”.
Қаблан масъулини саноат ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бо фаъолшавии корхонаи металлургии Ҳисор мавқеи корхонаҳои зараррасони оҳангудозӣ, ки дар Душанбе фаъолият мекунанд, танг хоҳад шуд.
Дар корхонаҳои оҳангудозию арматурабарории шаҳри Душанбе, ки аксаран ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд, “технологияи бобоӣ” истифода мешавад, ки дар худи Чин аз солҳои 80-уми асри гузашта инҷониб мамнӯъ мебошанд. Чин барои ба меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯй набудан истифодаи технологияи куҳнаи оҳангудозиро манъ кардааст, аммо соҳибкорони чинӣ истифодаи ин технологияро дар маркази Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд ва шаҳодатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зистро низ дар даст доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |