Пас аз чанд рӯз барандаи ҷойизаи эълонкардаи ширкати мобилии «Мегафон Тоҷикистон» муайян мегардад.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ширкати мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба қавли манбаъ, дар оғози соли равон «Мегафон-Тоҷикистон» озмуни беҳтарин мақола дар иртибот ба телекоммуникатсияро барои хабарнигорон эълон карда буд ва дар ин муддат маводи зиёде дар матбуоти даврӣ ба чоп расид. Гуфтанист, супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон 2-юми декабри соли 2011, соати 15:00, дар толори хурди «Вефа-сентер» баргузор мешавад.
Мӯҳр