Клинтон бо 78%-и овозҳо дар Душанбе пирӯз шуд
Ҳиллари Клинтон, номзад аз ҳизби демократҳо бо 78%-и овозҳо дар як овоздиҳии рамзӣ дар гӯшаи Амрико дар Душанбе раисиҷумҳури Амрико интихоб гардид.
Хабарнигори “Озодагон”, ки дар баробари рӯзноманигорони дигари тоҷик, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони Амрико субҳи имрӯз, 9-уми ноябр дар ин овоздиҳии рамзӣ иштирок кард, иттилоъ дод, ки Ҳиллари Клинтон – 32 овоз ва Доналд Трамп, номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳон дар овоздиҳии Душанбе 9 овоз гирифт.
Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон низ дар ин овоздиҳӣ иштирок кард, аммо номзади интихобкардаашро нагуфт. Ӯ изҳор дошт, ки ҳамчун мансабдори давлатӣ ҳақ надорад, номзади интихобкардаашро ошкор кунад.
Миллард бо ишора ба ҷараёни ҳисоби овозҳо, ки тариқи мустақим дар Душанбе пахш мешавад, изҳор дошт, ки ин демократия дар амал аст. Ӯ гуфт, дар таърихи Амрико 34 бор интиқоли қудрат сурат гирифтааст ва изҳори боварӣ намуд, ки ин дафъа низ интиқоли қудрат сулҳомез хоҳад буд.
Тибқи натиҷаҳои аввалияи овоздиҳӣ дар Амрико Трамп 216 ва Клинтон 197 овоз гирифтааст. Айни ҳол ҳисоби овозҳо ҷараён дорад ва барои пирӯзӣ 270 раъй зарур мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |