Аксҳои Виллюм дар бораи Тоҷикистон: Яғноб, Помир, Чилдухтарон...
Николя Виллюм, аккоси фаронсавӣ дар чаҳорчуби як тарҳ дар бораи табиати Тоҷикистон қисса кардааст.
Ин тарҳи мултимедӣ “Одамон ва рустаниҳо” ном дошта, дар он аксҳои бардоштаи Виллюм аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон гирд оварда шудаанд. Ин лоиҳа аз водии Яғноб, куҳҳои Помир, биёбонҳои Мурғоб ва мавзеи Чилдухтарон нақл мекунад.
Сомонаи ин тарҳ менависад, “феълан дар ҷаҳон пайдо кардани минтақаҳое, ки одамон бо қавонини гузаштагони худ зиндагӣ мекунанду забон, анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги худро нигаҳ доштаанд, душвор аст. Яғноб бошад, яке аз чунин минтақаҳо ба ҳисоб меравад”.
Николя Виллюм яке аз аккоси шинохта буда, чандин ҷоизаҳои байналмилалиро ба худ ихтисос додааст. Бештари асарҳои ӯ дар мавзӯъҳои тағийри иқлим ва ҳифзи фарҳанг нақл мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |