Сешанбе, 8 Апрел 2025
Тавсифи Убайдуллоев аз Эмомалӣ Раҳмон: Асосгузори “Роғун” аст

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми ноябр зимни баррасии Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат” изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз қабл аз расидан ба курсии раёсати ҷумҳур хислати пешвоӣ ва лидерӣ дошт.
Убайдуллоев изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз қабл аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, замоне, ки раҳбари ҷумҳурӣ набуд, ҳамчун намояндаи халқ хислатҳои пешвоиро дар худ таҷассум мекард: “Дар рӯзҳои сангин ҳамчун намояндаи халқ барои пешрафти кишвар талош менамуд”.
Раиси Маҷлиси миллӣ инчунин аз Эмомалӣ Раҳмон барои кораш дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки бо трактор давоми 1,5 соат барои бастани маҷрои дарёи Вахш кор кард, тавсиф намуд.
Раиси парлумони Тоҷикистон илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро асосгузору бунёдгузори “Роғун” медонад, зеро бо таҳаммулпазирию кори дурандешонааш барои бунёди ин нерӯгоҳ истодагарӣ кард.
Ин таъкиди Убайдуллоев дар ҳолест, ки ахиран Ҳикматулло Насриддинов, ходими давлатии солҳои 80-90-уми асри гузашта пешниҳод кард, ки нерӯгоҳи “Роғун” ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |