Тоҷикдухтари 13-сола ба даври финалии Gems Academy Schools роҳ ёфт (ВИДЕО)
Ясмина Алидодова, хонандаи навраси тоҷик ба даври ниҳойии озмуни Gems Academy Schools-и Аморати Муттаҳидаи Араб роҳ ёфтааст. Даври финалии озмун 10 декабри соли равон баргузор мешавад.
Даври интихобии озмуни Gems Academy Schools бо иштироки овозхонҳои навраси қаламрави Аморати Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 1,2, 10, ва 11 октябр доир гардид. Ясмина Алидодова ҳамроҳ бо хонаводааш дар шаҳри Дубай зиндагӣ мекунад. Ӯ 13 сол дошта, бо чанд забон тарона иҷро мекунад.
Ясмина соли сипаришуда дар озмуни байналмилалии “Абарситораи овозхонии Осиё” дар Мумбайи Ҳиндустон иштирок намуда, миёни 1500 нафар вориди шашгонаи беҳтарин шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |