Ҳамзамон, 6 декабр барои косибон оид ба андозу андозбандӣ тренинги иттилоотӣ баргузор мегардад. Мақсади асосии тренинг ба косибон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти мардумӣ расонидани маълумоти умумӣ дар мавриди системаи андозу андозбандӣ ва шаклҳои он дар кишвар ба шумор меравад, ки ҳангоми фаъолият пайваста рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамчунин дар қисмати дуюми рӯз барои косибон оид ба хизматрасониҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд мизи мудаввар гузаронда мешавад. Дар он иштирокчиён перомуни хизматрасониҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки дар қаламрави кишвар фаъолият мекунанд, маълумоти муфассал мегиранд.
Зимнан, рӯзи 7 декабри дар маркази равобити «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе нахустин мизи мудаввар оид ба дигаргуниҳои қонунгузорӣ баргузор мешавад. Дар он мушкилӣ ва монеаҳое, ки косибон зимни фаъолияташон бештар рӯ ба рӯ меоянд, муҳокима мегардад. Дар робита баррасии лоиҳаи қонуни нав, ки фаъолияти косибиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунанд, дар назар аст. Мавриди зикр аст, тамоми ин чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи зикршуда анҷом мешаванд, ки аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии итолиёвии CESVI дар якҷояги бо Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.CESVI ташкилоти ғайридавлативу гуманитарии итолиёвӣ мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон барои бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода, камбизоатӣ, истисмори захираҳои маҳаллӣ бо ҷалби бевоситаи аҳолӣбо бо амалӣ кардани лоиҳаҳои гуногун мусоидат менамояд. Дар Тоҷикистон аз соли 2005 фаъолият карда, дар Душанбе, Хуҷанд ва Ховалинг намояндагӣ дорад.
Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, сохторҳои соҳибкориро ихтиёран муттаҳид месозад. Аз соли 1993 дар сатҳи миллӣ амал мекунад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |