Бахшҳо

Манижа Давлат шарти бозгашташ ба овозхониро гуфт: Мехоҳам,...(ВИДЕО)

Манижаи Давлат, сарояндаи маъруфи тоҷик мехоҳад, ба саҳнаи овозхонӣ бо сурудҳое баргардад, ки муаррифигари шеъру сухани ӯ бошанд. Ӯ шарҳ дод, ки суруд умри кӯтоҳ дорад, аммо шеъру сухан мондагоранд.

Ӯ дар ин бора имрӯз, 4-уми ноябр дар сафҳаи фейсбукии расмияш хабар дод. Манижа Давлат гуфт, сафҳаи воқеияшро дар шабакаи “Фейсбук” танҳо 10 рӯз пеш кушод ва тайи ин муддат садҳо суол гирифтааст, ки “чаро дигар намехонӣ?”

Ӯ дар посухи дастаҷамъӣ ба суолҳои сершумор изҳор доштааст, ки “ман мехоҳам пеш аз ҳама шеър муаррифигари суруд бошад, на ин ки суруд муаррифигари шеър... Албатта ин ҳарду муаррифигари ҳамдигаранд, вале суруд умри кам дораду шеъру сухан мондагоранд. Вақте суруди маро мешунаванд, намехоҳам васфи садоямро бикунанд, бигуянд чӣ қадар садои ширину дилнишин дорад... Барои ман мояи ифтихор аст, вақте бигӯянд чӣ қадар шеъри баланд хонд”.

Манижаи Давлат таъкид кард, ҳар чиро қаблан хондааст, муаррифигари садояш буд: “Ҳар чиро хондам муаррифгари садоям буд. Сабкам буд, чун сабки хондан сабки ҷадид буду ҳар ҳаракату имову ишораам низ ҷадид буданд. Ҳар чӣ имрӯз қарор аст, ки бихонам, мехоҳам муаррифигари шеъру суханам бошад”.

Ба гуфтаи Манижаи Давлат “шеъру сухан дар танҳоӣ, шеъру сухани туст, вақте ба оҳанги ман пайваст аз мо мешавад ва то он вақте ки ин мо, ман нагардад, ман хонда наметавонам, яъне то вақте мавзуҳое, ки шинохти маро тамоман аз дигар паҳлуҳо нашиносанд, хондан аслан суде надорад”.

Манижаи Давлат тақрибан 14 соли қабл рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Консерти аввалини ӯ соли 2002 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт. Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижа Давлат дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард,аммо барои овозхонҳои дигар оҳанг эҷод мекунад.


Мӯҳр
Манижачон тезтар руи сахна намоён шав бо сурудхои чаддиду фарахбахшу дилнишини худ бехтарин сарояндаи Ачаму форсизабонон Шуморо мехисобам ва банда шахсан бехад интизорат аст.

Манижадустдор
Хамин духтар шишта шишта яки босавод шудай чи

Озодагон, шумо дигар макола наефтед? Манижа кист ва чи сухани бузурге гуфта аст, ки уро реклама мекунед? Вай на овоз дошту на шеъри бамаъни (бие лаби об равем, бо хам хоб равем...) кани вазну кофия? Хайр дар Фейсбук сахифа кушода аст, баъд чи? Манижа дигар мисли пештара шухрат пайдо намекунад.

Биë баргар Манижа, мухлисонатро бишинос метони, Намедони ки чик,адар мухлисот дилтанганд. Ту ин шабх,ои борони...
.......................................................................
Ту ки мардонавор аз сах,на рафти,
Ак,алан марди майдон бошу баргард
.........................................................................
Мурдам чаро намеброй сах,на Манижа, бо гули сурх бубинамат...

Точик
Манижачон, баргард!

Ку адресоша чигуна ёбем аз Фейсбук ??

бисер нагз мешуд Манижачон бармегаштед,пазмони овози дилгиратон шудем.

Садафмо
Манижа хечгох шеьри беиаьне нахонда буд хамаи сурудзояш либосхояш харакатхояш бамаьне буданд

Э Манижае ба як тори мут хичка намеброя бие ки сахна бе ту безеб аст хору зор шудагиаст бие дига нигох накун шеьр пастай баландай шуруь кун он тарафаш мешавад

Хами одам як лабз дора, ман бас кардам гуфта буди бо чи ба сахна баромадани? Бе ту хам хамика хофиз баромадай ки хисобаш гум эээ некэ

Гариби
Шояд Манижа Давлатова бе сӯм монда бошад

Шамшод
Салом кормандони шабакаи озодагон бисёр кори хуб кардед ки аз Манижаи дилхо ки хелле буд чанд соли охир на мусохиба медоду на бо касе харф мезад хабар додед,сахифа кушоданаш дар фейсбук хелле хуб шуд ин боз ба дили хазорхо нафар хаводоронаш уммед мебахшад,бояд кайд кунам ки дар байни тамоми саньаткорони точик Манижа ягона занест ки бо гуруру иффату номусаш аз хама фарк дорад,ва хелле бо маьрифату бо савод аст,дар бораи хунараш бошад ,истеьдоди у Худододй аст.Манижачон чи дар сахна боши ва чи набоши ту хамчун як инсон хукук дори зиндагй куни хечгох андухгин набош чи хеле,ки худат дар аввалин баромадхоят ки навкадам буди дар барномаи гули махтоб гуфта буди истеьдоди хакикй хечгох пушти парда намемонад,ва як руз не як руз намоён мешавад,Ту хам рузе боз намоён хохи шуд ва бо хунари дар вокеь чаззобат боз дилхои милионхоро ба шур хохи овард.

Манижачон чи дар сахна боги чи набоши ту аллакай дар дилхои хамаи мо чо дори зиед дустат медорем ,валле агар боз хунарнамоихоятро дубора бубинем албатта ин барои хар яки мо мухлисонат хушбахтй калон аст.

Shamsulloh
Hozir Manizha ohangsoz shudast bo saroyandahoi javon kor karda onhora erdam kardaistodast bo digar saroyandahoi maruf niz hamkori dorad.

БАРНАГАШТАНАТ БЕХТАР АСТ КАРОРАК ШИН

Максуд
Биё,ки пазмонат шудам эй махбуби дили моён Манижаи Шохнома Манижаи афсона Манижаи зебо хам дар сурат хам дар сират хам дар аклу заковат эй булбули форсзабонхои дунё ифтихори саньати точик манижаи нотакрор

Руслан
Ман он кадар мухлисаш набудам лекин вакти хамин навиштахои Манижаро дар фейсбук хондам акнун интизори сурудхояш аниктараш сухану шеьраш мешавам.Дар хакикат чои тахсин дорад суханхояш

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)