Дугоники Трамп дар бораи Тоҷикистон: Чӣ? Инро ҳатто талаффуз карда наметавонам (ВИДЕО)

Ҷон Доменико, тақлидкори маъруф дар симои Доналд Трамп ба ҳайси номзад ба мақоми раисиҷумҳури Амрико дар кӯчаҳои Ню Йорк бо роҳгузарон суҳбат анҷом додааст.
Доменикоро дар симои Доналд Трамп хабарнигорони шабакаи маъруфи АВС ҳамроҳӣ мекарданд ва тибқи навори “АВС” Трамп аз ҳоли сокинони Ню-Йорк ва аз куҷо омаданашон суол мекард. Трампи тақаллубӣ ба ҷавондухтаре, ки гуфт аз Испания аст, изҳор дошт, Испанияро дӯст медорад. Ба ҷавононе, ки гуфтанд аз Венесуела ҳастанд, изҳор дошт, ки ин кишварро низ дӯст медорад, зеро нафташ бисёр аст.
Тибқи навори “АВС” Доналд Трампи тақаллубӣ дар хиёбони Ню-Йорк аз ҷавони роҳгузоре суол мекунад, ки аз куҷоӣ? Ҷавон посух медиҳад, ки аз Тоҷикистон. Аз куҷо-такроран мепурсад Трампи тақаллубӣ ва дар посух боз Тоҷикистон мешунавад. Аммо ин бор ҳам нафаҳмид ва изҳор дошт, ки “ман ҳатто инро талаффуз карда наметавонам. Тасаввурот надорам, ки ин дар куҷост”.
Навори сайри Трампи тақаллубӣ дар кӯчаҳои Ню-Йорк давоми чанд рӯзи нашраш дар интернет садҳо ҳазор тамошобин гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |