Ҳамлаи гуруҳии шабона ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ёвон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисфи шаби 30-юми сентябр нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ёвон ҳадафи ҳамлаи се нафар қарор гирифтааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса тахминан соати 01:20 рух дод: “Шахсони номаълум вориди ҳуҷраи нуқтаи сӯзишворӣ шуда, тариқи зӯроварӣ дасту пойи корманди нуқтаи сӯзишворӣ, марди 28-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро баста, аз ҷайбаш 1140-сомонӣ пули нақд ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Манбаъ афзуд, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ се сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷавонони 25, 27 ва 30-сола боздошт шудаанд, ки ду нафари онҳо қаблан барои дуздӣ суд шудаанд: “Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |