АКС: Медали тилои навраси 17-солаи тоҷик дар мусобиқаи умумирусиягии ҷудо
Маҳмадбек Маҳмадбеков, навраси 17-солаи тоҷик дар мусобиқаи сартосарии ҷудои Русия миёни ҷавонон мақоми аввалро сазовор шуд.
Ин мусобиқа ба хотираи ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, генерал-лейтинант ва конструктори маъруф М.Т.Калашников бахшида шуда, дар шаҳри Ижевски Ҷумҳурии Удмуртияи Русия ҷараён дорад.
Маҳмадбек Маҳмадбеков дар рӯзи аввали ин мусобиқа – 3-юми ноябр байни ҷудокорони то 21-сола дар вазни 60 кг соҳиби медали тилло шуд. Ӯ то марҳилаи ниҳоӣ панҷ ҳарифи худро мағлуб сохта, дар даври ниҳоӣ бар Азамат Ачмизов, намояндаи Краснодар пирӯз шуд.
Маҳмадбек Маҳмадбеков чанд сол аст, ки дар бошгоҳи варзишии “Мори” таҳти парастории амакаш Эргаш Маҳмадбеков, президенти Федератсияи ҷудо ва самбои вилояти Иркутски Русия тамрин мекунад ва дар ин мусобиқа бо намояндагӣ аз вилояти Иркутск иштирок намуд.
Дар ин мусобиқа ҳамчунин Шаҳзод Амонов, навраси дигари тоҷик дар вазни 55 кг соҳиби мақоми сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |