Бахшҳо
02 ноя 2016 17:20Тоҷикистон / Тема дня

Шарҳи Салимзода дар бораи тарҳи нави қонуни матбуот: “Мавқуф” ба “боздошт” ва “хироҷ” ба “боҷ” тағйир дода шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 2 ноябр тарҳи нави тағийру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро қабул намуданд.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ин тарҳ сирф масъалаҳои таҳририю имлоиро дарбар гирифта, ба кори расонаҳо маҳдудият ворид намекунад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба Олим Салимзода гуфт, чанд ҳафтаи ахир дар бораи лоиҳаи мазкур расонаҳо зиёд менависанд ва мепурсанд, ки он чӣ тағйиротеро дар бар мегирад: “Аз ин рӯ лоиҳаи мазкурро модда ба модда шарҳ диҳед”.

Ба дунбол Салимзода иброз дошт, ки дар лоиҳа мафҳумҳои “якчанд муассис” ба “муассисони”, “мавқуф” ба “боздошт” ва “хироҷ” ба “боҷ” тағйир дода шудаанд.

Бори охир вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 30 марти соли равон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро баррасӣ ва қабул намуда буданд. Он замон Олимҷон Салимзода ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, баъд аз таҳлилҳои гуруҳи корӣ, ки барои дубора баррасӣ кардани ин тарҳ таъсис ёфта буд, лоиҳа барои қабул омода гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ аз тарҳ берун карда шуд, чун ин меъёр дар санадҳои дигар пешбинӣ шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон иброз намуда буд, чизе ки дар ин лоиҳа дида мешавад, дар қонунҳои алоҳида мавҷуданд: “Вале ин ҷо мушаххастар нишон дода шудаанд”.

Ба таъкиди оқои Зуҳуров, дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки дар сурати қонуншиканӣ аз ҷониби расона Додситонии кулл унвонии идораи расона бо талаби ислоҳи камбудӣ амри хаттӣ мефиристад: “Дар сурати бартараф нагардидани камбудиҳо баъдан ба суд муроҷиат мешавад ва суд муайян мекунад, ки расона то куҷо ба қонуншиканӣ роҳ додааст”.

3 феврали соли равон Маҷлиси намояндагон меъёри баҳсбарангези лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро, ки Вазорати фарҳанг метавонад дар асоси пешниҳоди додситонӣ фаъолияти расонаҳоро то се моҳ мутаваққиф кунад, қабул накарда, онро барои номукамал буданаш бозпас гардонида буд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон он замон дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, “он меъёрро, ки прокуратура метавонад мавод омода кунад, онро мақомоти баҳисобгиранда пешниҳод намояд ва Вазорати фарҳанг то се моҳ метавонад фаъолияти расонаро мутаваққиф кунад, мо инро қабул накардем”.

Мӯҳр
хонанда
“мавқуф” ба “боздошт”? е ба боз доштан?

Мухтарам Хонанда зери шубха намонед, чунки калимаи "мавкуф" мантикан факат ба калимахои "боз доштан" иваз шуда метавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)