Бахшҳо

Имзои Э.Раҳмон барои ҳабси таҳқиркунандагони Пешвои Миллат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз пешниҳод барои ҳабси таҳқиркунандагони Пешвои Миллат ҳимоят кардааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири Пешвои Миллат то 5 соли зиндон пешбинӣ шудаст: “Ин тарҳ аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, ҳукумат хулосаи мусбаташро нимаи моҳи октябр ироа намудааст”.

Ба иттилои манобеи “Озодагон” тағйироти мазкур 13-уми октябри соли равон ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст, аммо расман то ҳол аз ҷониби вакилон қабул нашудааст. Дар сурати қабули ин тағйирот барои таҳқири Пешвои Миллат, аз ҷумла тариқи интернет ё расонаҳо, ҷазо дар шакли ҷарима то 500 нишондиҳанда ё 5 соли зиндон татбиқ хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран расман Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат ва Тоҷикистони мустақил эълон шуда, аз ҳаққи роҳбарии якумрии кишвар бархӯрдор гардид.
Мӯҳр
бехтарин чазо нисбати шахсони тахкиркунанда. инчунин барои шахсоне ки дар Точикистон зиндаги мекунанду фарханги бегона давлати бегонаро ташвику таргиб мекунанд чазои вазнинтар татбик бояд кард

мухочир
Аз хукуматдорон хохиш мекардем ки,точикстонро давлати шохигари Элон мекарданд хуб мешуд вагарна чавонони бисер гумон меенанд,ки дар давлати демократии зиндаги мекунанду иштибохатан озодона сухан мекунанду бар бало гирифтор мешаванд.!

Дуруст, Пешвои миллат рамзи вахдати милли мебошад. Вале дар Точикистон тахкири дилхох шахс чиноят аст. Тахкир мумкин нест, вале танкид роич аст.... Камбудихо дар фаъолияти дилхох шахси мансабдор бощад, бемалол гуед...

Албата хизматхои Э.Рахмон барои мардуми точик хеле бузург аст. Махз захматхои шабонарузии у буд, ки имруз мардуми точик дар фазои сулху субот умр ба сар бурда, лаззати сохибдавлат гаштани худро чашида истодаанд. Точикистону точикистониёнро дар арсаи байналмиллал муаррифи кард. Пешвои миллат интихоб шудани у арзанда аст. Хифзи рохбари ягонаи точикон карзи шахрвандии мост. Тинчи, ороми, муттахиди бошад, иншоаллох хамаи камбудихои мавчуда паси сар мегарданд...

холо хам кам аст бояд вакти номи пешворо гирифтан аз чой бархоста акалан нимтаъзим кардан даркор

Сохибназар
Гаппои кат-ката гап назаан а!!!! Хта олим нагир аклат дони арзанворе.шарм намекуни ба хами тафаккури пастут???

Собир
Барои ин кор Интернетро бастан даркор! Вагарна хар кас бо имзохои мустаор Чаноби Олиро тахкир мекунад.

Карори тасдик гардида бехтарин буда, дар оянда ба одоми муоширати хамаи сокинон заминаи мусоид фарохам меорад. Халки точики Мо маданияти баланду воло дорад, аммо мутаассифона бархе аз нафарон ба ин фарханги воллои мо хатти сиёх мекашанд.Акнун ин масъаларо Карори мазкур ба танзим медарорад. Аз номи кулли чавонони Точикистон Карори кабулшударо дастгири намуда бо бахои аъло сазовор медонем.

иброхимов
салом точикистониёон ин хама номек ки барои пешвои мо метиянд кам аст дар чахон аз авл то охир мисли чаноби мо нест мо боЯд пайрви ва дустдори ин чаноб бошем !!!!!
конуни нав кабул шудай барои касоне ка пешвои милатро тахкир мекунад то 5 сол зиндони мешава..

умеджон
пешвои миллат рамзи сулху вахдати мили

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)