Қазияи «гоншикҳо бо Gelandewagen”: Ҳабси дубораи ронандаи тоҷик
Абдуваҳҳоб Маҷидов, шаҳрванди Тоҷикистон дар қазияи маъруф ба “гоншикҳо бо Gelandewagen”, бори дуюм барои 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.
Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар дода, афзуданд, Маҷидов барои идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳабс шудааст. Маҷидов бори аввал бо тобистони соли равон ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, додгоҳ моҳи июл ӯро барои 4 моҳ аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда буд.
Номи Маҷидов барои иштирокаш дар қазияи “гоншикҳо бо Gelandewagen” дар сархати расонаҳои Русия қарор гирифта буд. Ин ҳодиса моҳи майи соли 2016 рух дода буд, ки Абдуваҳҳоб Маҷидов сари фармони Gelandewagen бо пулиси роҳи Маскав сабқати суръат карда буданд. Дар наворҳое, ки аз ин ҳодисаи роҳ дар интернет нашр шудаанд ҳамчунин дар баробари “Gelandewagen” –и таҳти идораи Маҷидов дигар автомашинаҳои гаронарзише аз қабили «Кайени», «Ламборҷини» низ дида мешавад.
Маҷидовро дар қазияи “гоншикҳо бо Gelandewagen” расонаҳои русӣ аз гунаҳкорони асосӣ медонистанд, вале бар асоси ҳукми додгоҳ Руслан Шамсуаров, писари ноиби президенти «Лукойл» ва дӯстонаш Мара Багдасарян, Виктор Усков ва худи Абдуваҳоб Маҷидов аз ҷазои ҳабсӣ озод шудаанд.
Додгоҳ дар ин қазия нисбат ба Руслан Шамсуаров 300 соат корҳои ислоҳии берун аз низоми таълимро татбиқ намуда буд ва гуна ҷазоро нисбат ба Усков ҳам татбиқ карда буд.
Ин ҳукми додгоҳ дар ҳоле буд, ки айбдоркунандаи давлатӣ бар асоси моддаи 318 кодекси ҷиноии Русия (таҳқири намояндаи ҳокимият) барои Абдуваҳоб Маҷидов ва Руслан Шамсуаров 2 солу 1 моҳ ва барои Усков 2 солу 7 моҳ маҳрум кардан озодиро дархост карда буд. Аммо додрас Олга Зелдина хулосаи тафтишотро иштибоҳ хонда, амали судшавандаҳоро ҳамчун таҳдид ба ҷони пулис баҳогузорӣ накард.
Комилан аз ҷавобгарӣ озод намудани Абдуваҳоб Маҷидови 22-сола, зодаи Тоҷикистон дар ин қазия дар ҳоле буд, ки ба иттилои расонаҳои русӣ чанде пештар дар мурофиаи додгоҳӣ ӯ ба баъзе аз гуноҳҳои худ иқрор шуда буд Дар ин қазия се корманди пулиси роҳи Маскав ҳамчун ҷабрдида шинохта шуда буданд. Ин кормандони пулис дар додгоҳ гуфтаанд, ки Маҷидов ва ҳамроҳонаш ба амри онҳо итоат накарда, ҳангоми таъқиби пулис қасди фирор кардаанд ва ҳангоми боздошт ҳолати садамавиеро ба вуҷуд овардаанд, ки ба ҷони кормандони пулис хатар дошт.
Маҷидов дар додгоҳ гуфта буд, ки сари чанбаракаи Gelandewagen барои он нишаста буд, ки рафиқаш Шамсуаров дар маркази дилхушии шабона шароб нӯшида будааст. Мақомоти тафтишотӣ ба амалкарди Маҷидов ва ҳамроҳонаш чунин баҳогузорӣ карда буданд, ки ҳаракати онҳо таҳдид ба пулис ва таҳқири корманди ҳифзи ҳуқуқ будааст. Тафтишот Маҷидовро дар ба вуҷуд овардани фазои садамавӣ гунаҳкор карда буд, аммо наздиконаш он замон гуфта буданд, ки ӯ ин корро бо фармоиши Шамсуаров анҷом додааст. Маҷидов худро дар он гунаҳкор хонда буд, ки нисбати кормандони пулис дағалӣ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |