Аз 90 ба 5 рӯз - коҳиши муҳлати ҳузури бесабти тоҷикон дар Қирғизистон?
Дар Қирғизистон низоми сабти ҳатмии шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мешавад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии он кишвар хабар дода, гуфтааст, ки тартиботи нав бар асосои тағйироти қонун "Дар бораи муҳоҷирати хориҷӣ" ҷорӣ хоҳад шуд.
Сар аз 4 ноябри соли 2016 ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки вориди Қирғизистон мешаванд ва бештар аз 5 рӯз боқӣ мемонанд, бояд ба таври ҳатмӣ сабти ном шаванд. Онҳое, ки ин тартиботро риоя намекунанд, то 10 ҳазор сом (муодили тақрибан 1000 сомонӣ) ҷарима мешаванд.
Танҳо шаҳрвандони Русия имтиёз доранд, ки то 30 рӯз бе сабти ном дар ин кишвар ба сар баранд. Шаҳрвандони Қазоқистон низ дар оянда мумкин аст имтиёз дарёфт кунанд. Сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ бар зимаи Департаменти сабти аҳолӣ ва Хадамоти давлатии сабти шаҳрвандон аст.
Эҳтимоли то 5 рӯз кам шудани муҳлати ҳузури бесабти хориҷиҳо дар Қирғизистон дар ҳолест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол ҳақ доштанд то 90 рӯз бе сабт дар ин кишвар иқомат кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |