Бахшҳо

Ташкили системаи ягона алайҳи телефонҳои дуздӣ ва пастсифат

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми ноябр тағйирот ба қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро қабул кард, ки ба гуфтаи масъулини Хадамоти алоқа алайҳи ҷинояткориҳо равона шудаанд.

Адолат Абдураҳмонзода, муовини аввали Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ҳадафи тағйирот ошкор кардани ҷинояткориҳо дар самти истифодаи телефонҳо, пешгирии интиқол, паҳн ва фурӯши телефонҳои пастсифат мебошад.

Абдураҳмонзода афзуд дар доираи тағйироти қабулшуда ташкили Системаи ягонаи идентификатсионӣ дар назар аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад телефонҳои алоҳидаро бекор кунад. Аз ҷумла ӯ мисол овард, ки агар телефоне гум ё дуздида шавад, соҳиби он метавонад бо пешниҳоди рақам ба системаи ягона муроҷиат кунад ва ин телефон бекор хоҳад шуд: “Дигар аз ин телефон истифода бурдан ғайриимкон мешавад”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар сохтори Хадамоти алоқа Маркази ягонаи комутатории ширкати “Тоҷиктелеком” ташкил шуд, ки тамоми мухобироти интернетию мобилии байналмилалӣ тариқи он сурат мегирад. Дар қарори ҳукумат дар бораи ин марказ гуфта шудааст, ки ҳадаф назорат ва танзими трафики воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет мебошад: “Тамоми хизматрасониҳои байналхалқии алоқаи барқӣ ва интернет бояд тариқи маркази ягонаи комутаторӣ гузаранд, ки дар назди ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” ташкил шудааст”.

Ҳукумати Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки иҷрои ин қарор барои ширкатҳои бозори мухобиротии кишвар ҳатмӣ мебошад ва Хадамоти алоқаро муваззаф намуд, ки дар соли 2016 иҷрои марҳила ба марҳилаи қарорро таъмин кунад.
Мӯҳр
И кишвар ба як конуни дигар хам ниёз дорад. Конун дар бораи алокаи чинси))) депутатхои мо бояд сари ин мавзуъ анешанд. як оиномаи махсус бароранд аз аввал то охири кора ба нозукихояш фахмонанд!! Аз чихо истифода бурдан даркор ва кадом усуло бештар хуб аст....хамаша бояд бароранд!!!

Гапзан
Хаёлум аку телефни дуздидагира меёван ику ай дуздорам батар мекардиян . Дар кор нест ин конун . Мо мегем биёван дуздора иё телефони Галакс 7 нест мекардиян. Вой 500 доларум

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)