Бахшҳо

Вакилон ба вазири нақлиёт: Чаро нархи чиптаи ҳавопаймоҳо қимат аст?

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми ноябр созишнома бо Чин дар бораи ҳавопаймоии гражданиро ба тасвиб расонданд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ин созишнома заминаи ҳуқуқӣ барои ташкили парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Пекинро фароҳам меорад: “Инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Чин, ки дар қаламрави ҳамдигар намояндагӣ доранд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод хоҳанд шуд”.

Зимни баррасии созишнома Рустам Латифзода, вакили парлумони Тоҷикистон аз вазири нақлиёт дар мавриди вазъи ширкати “Тоҷик Эйр” суол кард. Ганҷалзода изҳор дошт, ки барои беҳбуди вазъи ин ширкат талош доранд ва яке аз мушкилоти соҳаро баланд будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон бо таъкиди баланд будани нархи чипта аз вазири нақлиёт суол кард, ки чаро чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳои ҳамсоя қиматтар мебошанд? Ганҷалзода посух дод, ки яке аз сабабҳо қимат будани нархи сӯзишворӣ аст ва гуруҳи махсуси корӣ сабабҳои дигари қимат будани нархи чиптаҳоро феълан омӯхта истодааст: “Сабабҳоро дар алоҳидагӣ омӯхта истодаем ва хулосаҳоро ба ҳукумат пешниҳод мекунем. Талош мекунем, то нархи чиптаҳоро поин барем”.

Шукурҷон Зуҳуров қимат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳоро мушкили мубрам хонда, аз вазири нақлиёт даъват намуд то арзиши чиптаҳоро арзон кунанд.
Мӯҳр
вакил
Дар ин дунё ки мардонаш асои кур медузданд. Ман аз хушбовари ин чо хакикат чустучу дорам. Мухтарам раис аку Шумо сабаби кимат шудани хавопаймора намедонед а э ачоиб)))))))) Бо баъзе саволхо системаи домократияро мехохед ба мо одамои гУлу гаРАнг фахмонед ки вокеан вакилои ШУМо гуногунандешанд а лахзахои гуворо мегуяд ку Ин хамон хамон хамин )))))))))))

"Ганҷалзода посух дод, ки яке аз сабабҳо қимат будани нархи сӯзишворӣ аст ва гуруҳи махсуси корӣ сабабҳои дигари қимат будани нархи чиптаҳоро феълан омӯхта истодааст" ин кадар мох е сол бехабар будед, ки акнун дар фикри дигар сабабхои киммат буданашро омухта истодаед. Ба ин суханхо ман тамоман бовар надорам!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)