Ҳушдори обуҳавошиносон аз сардӣ ва боришот
Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз поин шудани ҳарорати ҳаво ва боришот дар рӯзҳои наздик ҳушдор додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво дар кишвар то 10 -12 дараҷа поин равад: “Рӯзҳои 3 ва 4 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф дар назар дошта шудааст”.
Обуҳавошиносон мегӯянд, 5-6 ноябр борону барф дар назар нест, аммо ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо сард боқӣ хоҳад монд: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар вилояти Суғд то 20-25 дараҷа, Хатлон 26-31 дараҷа, навоҳии тобеи марказ- 24-29 дараҷа ва ВМКБ то 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |