Чун парда барафтод. Шабнам намехоҳад бо падар ё падарандараш зиндагӣ кунад
Як духтари нуҳсола дар ҷануби Тоҷикистон баъди он ки фаҳмид, дар манзили падару модари аслиаш зиндагӣ намекунад, падархондашро тарк намуда, ба манзили амааш рафт.
Момагул Мирзоева сокини 46-солаи шаҳри Кӯлоб ва аммаи Шабнам мегӯяд, ҷиянаш нахост, ки бо падархонду ҳамсари ӯ ва ё падару модари аслиаш бимонад. “Бародарам Тоҷиддин баъди се соли оиладор шуданаш соҳиби фарзанд нашуд ва духтарчаи ширхораи бародари дигарамро барои парасторӣ гирифт. Аммо бо вуҷуди ин аз ҳамсараш ҷудо шуд. Баъди ин Тоҷиддин боз ду зани дигар гирифт. Дар ин миён Шабнам 9-сола шуд. Як рӯз зани сеюми ӯ ба Шабнам мефаҳмонад, ки Тоҷиддин падари аслии ӯ нест, балки онҳоеанд, ки амаку янгааш мегӯяд”,-нақл мекунад Момагул.
Ба гуфтаи ӯ, баъди ин ҳолати Шабнам бад шуд ва аз ҳама дурӣ меҷӯст. Бо касе гап намезад ва ҳатто бо ҳамсолонаш бозӣ намекард: “Ҳоли ӯро дида, дилам реш мешуд ва насиҳат карда, ором мекардам. Ҳамин тавр бо хости худаш назди ман монд”.
Худи Шабнам мегӯяд, амааш хеле меҳрубону дилсӯз аст ва ба ҳимин хотир ӯро зиёд дӯст медорад: “Мехоҳам дар оянда прокурор шавам ва одамони гунаҳкору бегуноҳро фарқ карда, гунаҳгоронро ҷазо диҳам”.
Бахтҷамол Мирзоева, равоншиноси созмони “Наҷоти кӯдакон” дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, беҳтар аст, онҳое, ки атфолро ба фарзандхонӣ мегиранд, нахуст хеле амиқ фикр карда, сипас тасмим бигиранд: “Вақте кӯдак аз фарзандхон будани худ огоҳ мешавад хоста нохоста аз онҳое ки ӯро калон намуданд, худро дур месозад ва барои ҷустуҷӯйи падару модарии ҳақиқиаш дар зеҳни худ роҳ меҷӯяд ва аксаран онҳоро пайдо мекунанд”.
Ба гуфтаи равоншинос, баъзе кӯдакони фарзандхоншуда ба атрофиён ҳисси бадбинӣ пайдо мекунанд ва ҳатто қасди аз байн бурдани худро дар зеҳнашон мечархонанд: “Фарқ миёни онҳое, ки ба фарзандхонӣ гирифташудаанд аз онҳое, ки дар ятимхонаҳо калоншудаанд, хеле зиёд аст. Онҳое ки дар ятимхона каон мешаванд, ҳамқисматони худро дида, муҳити будаашонро бо нигоҳи дигар қабул месозанд. Ин ба ҳолати равонии онҳо камтар таъсир менамояд”.
Аз Идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, шурӯъ аз моҳи январи соли равон 9 ҳолати фарзандхониро ба қайд гирифтаанд, ки нисбати солҳои қаблӣ зиёд аст: “Солҳои пеш 2 ё 3 ҳолат сабт мегардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |