Аз як сол то як солу як моҳ. Ҳукми 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия
Додгоҳи Исилкули вилояти Омск панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро дар убури ғайриқонунии марзи Русия муҷрим шинохта равонаи зиндон кардааст.
Дафтари матбуоти Додситони вилоят гуфтааст, Фирӯз Бобомуродов, Файзиддин Кенҷаев, Обидҷони Нурализода, Садридин Сатторов, Неъматулло Фаридунӣ дар қатори самти Петропавловск бо ҳам ошно шуда, маслиҳат кардаанд, ки Русия мардикорӣ мераванд: “Чун санадҳои лозим барои вуруд ба Русияро надоштаанд, тасмим гирифтаанд, ки марзро ғайриқонунӣ убур кунанд. Аммо дар қаламрави ноҳияи Исилкул аз сӯи кормандони ФСБ боздошт шудаанд”.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо ба гуноҳи худ пурра иқрор шудаанд. Бо ҳукми додгоҳ Бобомуродов, Кенҷаев ва Сатторов як сол ва Нурализодаву Фаридунӣ 13 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда, ин муҳлатро дар колонияи низомаш умумӣ пушти сар хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |