Бахшҳо

15 “Шкода-Октавиа”-и Убайдуллоев ба РКД ва интиқодаш аз савдои кӯчагӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Раёсати корњои дохилии пойтахт 15 мошини тамѓаи “Шкода-Октавиа” тақдим кардааст.

Дафтари матбуоти Убайдуллоев мегӯяд, соли барориши ин мошинҳо 2016 буда, шаҳрдор онҳоро 31 октябр ҳангоми ташриф ба Раёсати корҳои дохилӣ дар остонаи Рӯзи милиса супурдааст. Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Душанбе аснои суханронӣ ба фаъолияти анҷомдодаи кормандони ин раёсат ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ изҳори миннтадорӣ намудааст: “Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки имрӯз ҳайати шахсии Раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи шаҳрдорӣ қарор дошта, як қатор имтиёзҳо низ барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа дар пойтахт роҳандозӣ гардидааст, ки мақсад аз он беҳтар намудани фаъолияти кормандон мебошад”.

Аммо Маҳмадсаид Убайдуллоев дар идома таъкид намуда, ки “то ҳол дар шаҳр тартиботи ҷамъиятӣ ба таври зарурӣ таъмин нест ва савдои кӯчагӣ дар гӯшаву канори пойтахт, бахусус дар истгоҳҳои нақлиётӣ ба мушоҳида мерасад, ки бартараф намудани он пеш аз ҳама вазифаи кормандони милитсия мебошад”.

Манбаъ афзуд, раиси шаҳр ба таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе низ дахл карда, аз кормандони Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсат даъват кардааст, корро дар ин ҷода ва риояи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба танзими расму оин ҷоннок намоянд.
Мӯҳр
Мухтарам М. Убайдуллоев! Гирду атрофи маркази савдои Саодат ( махаллаи 82 мкр.) пур аз будкахо ва савдои кучаги аст, аммо касеро правое нест. Нозири минтакави ягон чорае на мечуяд. Раиси махалла бошад, тамоман кор намекунад ва мегуяд ба сайти Раиси шахр хамаашро нависед....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)