Бахшҳо

Муҳаққиқ: “Ролтон” мехӯрам, то нафақаам барои супоридани пули барқу дигар ҳолатҳои зиндагӣ бирасад

Имрӯз, 1 ноябр “Барқи тоҷик” расман аз ҷорӣ шудани реҷабандии нерӯи барқ дар кишвар хабар дод. Ин ҳам дар ҳоле, ки расо баъди як моҳ зимистон меҳмони хонадони мо мешавад. Дар ҳамин бастагӣ “Озодагон” аз чанд нафар пурсид, ки ЧӢ ҚАДАР БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДАЕД?

Манижа ҚУРБОНОВА, хабарнигори “Азия-Плюс”
Ҳама то маош зиндагӣ мекунем ва ҳамин, ки гирифтем фикри як-ду рӯзи ояндаро мекунем. Ҳоло дар фикри харидани анҷому пойафзоли зимистона барои кӯдаконам ҳастам. Дар масъалаи барқ пурсиданӣ бошед, зимистони гузашта қариб 40% маош фақат барои барқ сарф мешуд. Имсол оби гарм ваъда доданд, мебинем, ки чӣ мешавад. Порсол бисёр сабзавот барои зимистон захира карда будам, имсол фақат мураббо. Омодагии мо ба зимистон ҳамин қадар.

Баҳодур ҶУМЪАЕВ, сокини ВМКБ
Ҳанӯз ҳезуму ангишт надорем. Хунуктар шуд, харидорӣ мекунем. Як дарзача ҳезум 8 сомонӣ (агар қиматтар нашуда бошад) ва як халта ангишт то 30 сомонӣ аст.

Аҳмадхуҷа ДАВЛАТОВ, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ
Барои гузаронидани зимистон ҳамаҷониба тайёрем. Ангишт, ҳезум ва сару либоси кӯдакон барои зимистон омода аст. Якшанбеи ҳафтаи гузашта ҳамроҳи кӯдаконам бозори Корвон рафтам. Бозор пур аз мардум хаст. Маълум аст, ки мардум барои зимистон омодагӣ дида истодаанд ва шароити хуб муҳайё аст.

Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ, таҳлилгари масоили дин
Барои зимистонгузаронӣ омодагӣ надорам. Зеро захираи пулӣ надорам. Кушиш мекунам бо либосҳои соли гузаштаам замистонро паси сар намоям. Нарху навои маводи озқуворӣ нисбат ба соли гузашта, қимат мебошад. Шабҳо бо хурдани “Ролтон”-и як сомона қаноат мекунам, то нафақаам барои супоридани пули барқ ва дигар ҳолатҳои зиндагӣ бирасад.

Бобак СУҒДӢ, шоир
Мо, ки дар русто зиндагонӣ мекунем, агар лимити барқро дар назар нагирем, ангишту ҳезум мехарем ва бад нест омодагӣ.

Алохӯҷа СУРХОВ, омӯзгор, вилояти Хатлон
Ба масъалаи зимистонгузаронӣ, аниқтараш мавсими сармо ягон тайёрии ҷиддӣ надидаем. Зеро дар биноҳои шаҳрак имконияти сӯхтусӯзи ангишту ҳезум ғайриимкон аст. Ягона воситаи асосии зидди хунукхӯриро дар барвақт хоб рафтан ва истифодаи кӯрпаи нисбатан ғафс мебинем. Боке нест, зеро мо одат кардаем.

Диловар САДРИДДИНОВ, сокини шаҳри Душанбе
Аз сабабе ки ҷойи кори доимӣ надорам барои гузаронидани зимистон омода нестам. Мо дар маркази шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунем, вале то зимистони соли гузашта оби гарм надоштем. Имсол мувофиқи ваъдаи раиси шаҳр бояд оби гарм дода шавад. Агар оби гарм дода нашавад, зарурат меояд, ки бухории бобоиро бимонем. Хонаи мо заминӣ аст ва мо имкони гузоштани бухориро дорем. Аммо ин боз хароҷоти иловагиро талаб мекунад, ангишт зарур мешавад, ҳезум лозим аст. Гузашта аз ин, ҳарчанд мо дар ҳамсоягии шабкаҳои барқи Душанбе ҳам бошем, вале аз қатъ шудани барқ эмин нестем. Барои ҳамин гуфтан наметавонам, ки мо барои гузаронидани зимистон омодаем. Соли 2009 дар Бишкек будам ва онҷо 11 моҳ дар ҳамом оби гарм буд. Танҳо дар тобистон оби гарми қубурҳои гармкунандаро қатъ мекарданд, вале оби гарм барои истифода буд. Як моҳ танҳо ба ин хотир қатъ мешуд, ки корҳои тозакориву навсозӣ мегузарониданд.
Мӯҳр
3-сол мешавад, ки курткаи аз хад хидмат мекардагиамро мепушам, дар назарам холо хам нав хаст, ( гуфтаи мардак пулаша расчет кунад, навашро мегирам ) гап ин, ки хар зимистон як зимистон аст барои ман ! Тайёрем бо либосхои кухна !

Озодагон дига одам наёфтед аз Ахмадбек давлатов мепурсед ?? У агар хнк бзанаш бмра мега тенчм ватан сери прияй !!!

Шукрои тенчию ороми кунед чикор мекунед гармию баркро? Чанг нест ку щукронаи чаноби оли пешвои миллатро кунед ки инкадар хизмат кард обод кард бе барк хам мешавад зиндаги карда ношукри накунед бечора чаноби оли шабу руз захмат мекашад барои шумо. Хамин тенчию ороми хаст бас аст хомуш гардед ки боз мисли сурияву ирок нашавад. Як чахон ташакур ба пешвои миллат.
Хунукихам 3 4 мох аст мегузарад боз гарми меояд мухим дар гирди пешвои милат чамшавед шукрона кунед. Фарзандора эхтиёт кнен хунуки назанад. Маошатон нарасид руза гиред. Чаноби оли дар шикамаш нон нахурда аз хаки фарзандонаш гирифта ватанро обод дорад шумохам мисли у ватандуст шавед

Пурдил
Давлатак, гап доди неки! Рости гапа гуфти! Давлатхуча Корвон рафтай одами бисёра дидай ва фикр кардай ки хама тинчан! Вале хеч фикр накарда боша ки чанд фоизи ин одамои "хушбахт" бо пули карз гирифта ба бозор мераван! Чун намешавад барои фарзандони ноболику майдахаки мактабхон формаи зимистона нахари! Магарам карзу кавола карда харид куни*((((((((((((((

Свет, Гарми ва оби гарм дар хона хаст агарчи кимат хаст аммо хаст. Барои гузаронидани зимистон имсола тамоми либосхои зимистонаро шуста таёр кардем. На ба он хотир ки пул нест ба он хотир ки маблагро сарфа карда ба Точикистон барем. Ба он хотир ки ин маблагхоро дар ободии хонаву дари худ, ки як гушаи Точикистони азиз, Ватанамон хаст истиифода кунем. Ободии Ватан вазифаи хар яки мост.

Ин мухакик изо намекашад дуруг мегуя,охир ин хукумат шумобаринхоро хуб парвариш мекунад куу
Чаро боз рози нести аз пешвои миллат?

Munis .рости гапа гуфти ма дар гапҳои ту розиюм мо бояд мурем аз гуруснагию хунуки бояд дамамона грифта шукрона гуйем ки ҷаноб хафа нашава

Мардон
Шиму костюми Муҳаққиқ аз шиму костюми ман-хизматчии давлатӣ ба маротиб гаронарзишу зебо аст. Ман қариб ҳар ҳафта ӯро бо ҳамон либоси зебои шаҳмардиаш мебинам. Дуруғгуӣ кори хуб нест, оғои Муҳаққиқ!

барои чи мухаккик шукрона накард ба фикрам дигар токат накарду дилашро кафонд

На кор дорам, на пул ба 400 сомон нафака зиндаги мекунам, ки хатто ба пули барку андоз дар зимистон нахохад расид. На захира дорам на чизи зиёдати. Ва танхо хастам.ман аз хукумат кор талаб мекунам,кор. Фахмидед кор!Джовидон,
Джовидон,

джамшуд
чаноби мухакик бо номи кандро гирифтан дахон ширин намешавад ана акнун чим шишта шукронаи асосгузори сулху вахдат чаноби оли президенти точикистон мухтарам эмомали рахмонро карда гардед

Мирзо
Хама ба умеди оби гарму гарми. Барвакт хурсанди накунед, пули оби гарму гарми зам кам нест аз барк.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, Ту дар бозори Корвон дарвозаи 6 сектори Б қатори 12 дорои нуқтаи савдои 3 метра мебошед,ки ҳармоҳа ба миқдори 150$ и аирикоӣ ба иҷора супоридаед... чаро шарм надошта боз дурӯғ мегӯед?!
Ҳамаи инро бо далели қатъи мегуям.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)