Ҳимояти Шӯрои уламо аз либоси миллӣ ва фатво алайҳи либоси тангу кӯтоҳ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар ба масъалаи либоспӯшӣ дахл карда, либоси миллиро беҳтарин ва поку ҳалол хондааст.
Ин ниҳод дар посух ба суоли корбараш дар мавриди “фатапӯшӣ”-и духтарон изҳор доштааст, ки “аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом ва фиқҳи ҳанафӣ риоя кардани либосе, ки андомро аз бараҳнагӣ нигаҳ медорад, ҳатмист”.
Шӯрои уламо таъкид кардааст, либоси тангу кӯтоҳе, ки аз пӯшидани он аъзои бадан намоён мегарданд, ҳукми бараҳнагиро дорад: "Бинобар ин, аз чунин либосҳо парҳез бояд кард, хусусан дар маҳфилҳо. Агар либоси арӯсӣ тавре дӯхта шудааст, ки аъзои бадани арӯс дида ва ё намоён намешавад, ба тан кардани он ҳеҷ боке надорад ва домод низ даюс намегардад”.
Шӯро барои духтарон тавсия додааст, “аз ҳама беҳтар ва поку ҳалол либоси миллиро, ки дар он ҳаё бошад, дар бар намоянд”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Александр Василев, таърихшиноси муд ва барандаи барномаи маъруфи “Модный приговор”-и шабакаи аввали Русия гуфт, даҳ соли оянда муди исломӣ ҳукмфармо хоҳад буд. Василев дар суҳбат бо “Спутник Тоҷикистон” изҳор доштааст, муд ояндаи дигар надорад, зеро комилан бараҳна шуд: “Муд ногузир майл ба Ислом хоҳад кард. Ҳиҷобу рӯсариҳо бештар хоҳанд шуд. Ҷойгоҳи мусалмонҳо дар олами муд васеътар шудааст ва ин раванд ҷаҳонӣ гардидааст”.
Ӯ афзудааст, ки аз ин раванд хурсанд ё хафа нест, ин воқеият аст. Василев мегӯяд, либоси аслии масеҳиҳо низ, ки имрӯз дар колисоҳо ҳаст, аз либосҳои исломӣ чандон фарқ надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |