Бахшҳо
01 ноя 2016 10:51Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шарҳи ВКД дар бораи сӯхтор, ки ҷони се кӯдакро рабуд

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, баъди зуҳри 31-уми октябр дар пайи бозии кӯдакон бо гӯгирд каҳдони як сокини деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ оташ гирифта, се кӯдаки аз 2 то 5-соларо ба коми худ фурӯ бурдааст.

Аз шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, вақте кӯдакон ба беморхона оварда шуданд, ҳудуди 80-90 дарсади баданашон сӯхта буд ва имкони наҷоти онҳо вуҷуд надошт. Аз кӯдакони марҳум Сулаймони Идрис, соли таваллудаш 2011, Ёқубҷон Меҳриддинов, соли таваллудаш 2013 ва Умарҷони Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 2014 ном бурда мешавад.

Шаҳноза Аҳмадова, модари ду кӯдаки ҷондода зимни талоши наҷоти фарзандонаш ҷароҳат бардоштааст, аммо ба гуфтаи масъулини беморхона баъди гирифтани ёрии тиббӣ аз бемористон мураххас шуд: “Танҳо модари кӯдакон ҷароҳат бардоштааст, аммо баъди гирифтани ёрии тиббӣ аз беморхона рухсат шуд, зеро имрӯз 1-уми ноябр маросими видоъ бо кӯдакон баргузор мешавад”.

Шарҳи ВКД дар бораи ин фоҷеа:

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодиса ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки соати 16:20-дақиқа, дар масоҳати 6 метри мураббаъ дар коҳдони сокини деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ, Қурбонов Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1982, сӯхтор ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар натиҷаи аланга гирифтани коҳдон соҳибхоназан Аҳмадова Шаҳноза, соли таваллудаш 1988 ва се кӯдаки ноболиғ ҷароҳатҳои сӯзиши бадан гирифта, дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ карда шуданд. Ҳангоми сӯхтор аъзои бадани шаҳрванд Аҳмадова Шаҳноза 15% сӯхтааст. Писаронаш Умарҷони Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 2014, Сулаймони Идрис, соли таваллудаш 2011 ва писари ноболиғи ҳамсоя Меҳридини Ёқубҷон, соли таваллудаш 2013, дар натиҷаи сӯхтани қисми зиёди бадан дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Сӯхтор бо қувваи 26 нафар аҳолии деҳа хомӯш карда шуд”.

Вазорати умури дохилӣ сабаби сар задани сӯхторро беаҳамиятии волидайн ва оташбозии кӯдакон дар ҷойи ҳодиса арзёбӣ кард.


Мӯҳр
Худо рахмат кунад ин шахидонро. Худованд ба падару модари кудакхо сабри чамил ато кунад.
Ин ходисаи дахшатнок барои дигар волидон дарси ибрат шавад то назоратро аз фарзандони худ бехтар намоянд.

Уффффф. Озодагон, чаро бо калимахои соддаву оммафахми забони точики наменависед? МУРАХАСС - магар намешавад як калимаи дигарро навишт?

Сокин
Бисёр мехостам, ки монанди Россия хамин кормандони хадамоти оташнишониро бо парвандаи марги ду ва ё зиёда ба чавобгари кашанд. охир вохима карда мегуянд, ки мо джар шахру навохи ситодхои махсус дорем ва чашмони кормандони мо заррабин аст. ин кучост ки кудаконро начод медоданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)