Бахшҳо

“Барқи тоҷик” “лимит” ва шарти иҷрои онро эълон кард

Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш сар аз имрӯз, 1-уми ноябр маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин маҳдудият ба шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои калони саноатӣ дахл надорад. Ҷаноби Ёдгорӣ афзуд, ҳоло ҳар шабонарӯз дар кишвар 35-38 миллион киловатт-соат энергияи барқ истеҳсол мегардад, ки он ба тамоми шаҳр, вилоят ва ноҳияҳои тобеи марказ, вобаста ба шумораи аҳолӣ ва ҳаҷми истеҳсолот тақсим мешавад. Ба суоли “Озодагон”, ки маҳдудияти интиқоли барқ чанд соатро ташкил хоҳад дод, Ёдгорӣ гуфт: “Соаташро эълон намекунем. Дар охири ҳар моҳ натиҷагирӣ мешавад, ки кадом вилоят бояд чӣ қадар барқ мегирифт ва чӣ қадар дастрас кард. Дар ҳар минтақа ҳар қадар барқ сарфа гардад, соатҳои истифодабарии он зиёд мешаванд. Ҳамин тариқ, зиёдтар бо барқ таъмин будани мо аз сарфакорона истифода бурдани барқ аз ҷониби ҳар як муштарӣ вобастагӣ дорад”.

Ӯ афзуд, ҷадвали ҳармоҳаи таъминот бо энергияи барқ бо пешниҳоди ШСХК “Барқи тоҷик” аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва дар он тавзеҳ дода шудааст, ки таъминоти пурраи барқ дар доираи ин ҷадвал дар сурати пурра пардохт шудани ҳаққи барқи истифодашуда амалӣ мегардад: “Вобаста ба ин, ширкати “Барқи тоҷик” ба пурра риоя намудани интиқоли барқ аз рӯи меъёри муқарраршуда ҳангоме кафолат медиҳад, ки ҳаққи барқ пурра пардохт шуда бошад. Он муштариёне, ки аз ҳаққи истифодаи барқ қарздор нестанд, меъёри барқи муайяншударо пурра мегиранд”.

Шартгузории “Барқи тоҷик” барои риояи “лимит” дар ҳолест, ки мардуми навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, давоми ҳафтаҳои охир барқро бо маҳдудият мегирифтанд.
Мӯҳр
Дар шахр мегуяд махдудият нест дар нохияи Фирдавси зиндагони мекунему свет надорем. Хаки Андоз ба нохияи Фирдавси, пули комунали ба Фирдавси пули барк мегирад н Фирдавси дигар хизматрасонихо итоат ба н Фирдавси лек лимити барк монанди н Рудаки инро чи хел фахмидан даркор....

Вой бар холи халки точик!!! Пеш нохияи Рудаки 12-14 соат барк мегирифт холо бо киловат!!!! ин маънои онро дорад, ки кай вакте хохем медихем ва кай вакте ки хохем мегирем!!!! Дар БАРКИ ТОЧИК ягон мутахассис кор намекунад хамааш аз кучаи барк гузаштаги нест!!! парвои халк надоранд.

Бе ном,
Ин манои онро дорад ки шумо як линяи нави свет биёред аз Фирдавси тамом....

Точикистон мушкили барк надорад!
Балки мушкили норасоии гарми дорад!
Агар мушкили оби гарм ва гарми дар хонадони мардуми точик хал шавад мушкили барк худ ба худ хал мешавад. Фикр кунед агар 500 000 муштариёни барки точик дар шахрхо зиндаги кунад онхо 500 000 термекс барои оби гарм ва 500 000 тачхизотхо барои гарм кардани хонахо истифода мебаранд. Агар оби гарм ва гарми дар хонахо бошад мардуми шахр ин тачхизотхоро дигар истифода намебарад. Барке ки аз ин хисоб сарфа мешавад барои рафъи камбуди барк дар дехоти Точикистон басанда аст.
Иншоалох дар рузхои наздик ин рохи хали камбуди барк дар Точикистон бо далелхои илми асоснок карда ба чоп мерасонем.

Соатша аник ку барки точик

Нои
Пас ҳар моҳ он ҷадвалро дар рӯзномаҳо ва тариқи онлайн чоп кунед, то мардум донад. Вагарна, аз ин коратон чизе беш аз хокпошӣ ба чашми мардум бв назар намерасад.

К. Бохтари Ш. Вахдат дар як шабонаруз хамаги кариб ки 5 -соат. Бегох аз соати 18:10 то 20:45. Сахари аз соати 06 то 07:15. Дар вахдат магар фашистхо зиндаги доранд. Дар Точикистон хар-руз ду Ид хаст. Сахар света мекшан. Боз бегох шуд света метия. Кайчи нокарда чоп кунед!

Дарвеш
Шарм доред мансабдорон 25 сол шуд.ки мардума фиреб карда истодаед

Мухамадамин
свет Н. рудаки шахраки Мирзо Турсунзода. се соат чи гапай бахонай учочик кардеен электрони часпонден карта шот мепартоем эээ домоба тиэн

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)