Вокуниши Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Душанбе ба матлаби “Озодагон”
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ба матлаби мушоҳидагари “Озодагон” -- Растаҳои “инфексия”- фурӯшии Душанбе ва амнияти миллӣ вокуниш кардааст.
Дар он гуфта мешавад, бар асоси қонун санҷиши субъектҳои хоҷагидории дараҷаи хатарашон баланд, танҳо дар 6 моҳ як маротиба гузаронида мешавад: “Аз ҷониби мақомоти назоратӣ дар субъектҳои хоҷагидор ҳамарӯза санҷишҳо гузаронида намешавад”. Ин ниҳод мегӯяд, намунаи маҳсулот дар бозорҳо аз ҷониби кормандони бозор ба амал бароварда мешавад, на аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ.
“Озодагон” шакли комили вокуниши мазкурро пешниҳоди хонанда мекунад:
“Барои мушоҳидагарӣ, нуктасанҷӣ ва воқеӣ арзёбӣ намудани ҳолати фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозору роҳравҳо ба мушоҳидагари “Озодагон” метавон таҳсин гуфт. Дар воқеъ, агар ҳар як истеъмолкунанда, харидори маҳсулоти хурокворӣ, билохир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мушоҳидакор, нуқтасанҷ, ошкорбаён бошад, ҳуқуқҳои худро ҳамчун истеъмолкунанда ҳангоми харид аз холаҳои фурӯшандагони “ишкамбаи фасон, ҷигари оригинал, шуши...ва ...” медонистанд, интихоби дурусти молро ба амал мебароварданд, растаҳои “инфекесия”-фурӯшӣ кайҳо дар бозору роҳравҳо аз байн мерафтанд.
Бояд тазаккур дод, ки хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ-натиҷаи ҳамкории бевоситаи байниҳамдигарии фурӯшанда (иҷрокунанда) ва харидор (истеъмолкуанда), инчунин фаъолияти шахсии фурӯшанда (иҷрокунанда) ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи харидор (истеъмолкунанда) ҳангоми хариду фурӯши мол, ташкил ва татбиқи истеъмоли маҳсулоти хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ мебошад. Пас метавон гуфт ки дар ин ҳамкории бевосита мавқеи калидиро харидор (истеъмолкунанда) мебозад. Дар сурати харидорӣ нагардидани таомҳои холаҳои “ишкамбаи фасон, ҷигари оригинал, шуши...ва... “-фурӯши мову Шумо шояд онҳо ин амали худро катъ карда, фаолияти қонунии соҳибкориро бо риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеша мекарданд.
Аз қазияи интишоргардида бармеояд, ки мушоҳидагари гиромии мо аз баъзе воқеаҳое, ки дар ин растаҳои “инфексия”-фурӯшии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ мепайвандад, “бенасиб” мондааст.
Маврид ба зикр аст, соли равон аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе аз 19 апрели соли 2016 №131 Қарор “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукуҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расида буд. Дар доираи амалисозии қарори мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, корхонаҳову муассисаҳои ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе, сокинони пойтахт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Яке аз масъалаҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифта буд ин аз байн бардоштани савдо дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, нуқтаҳои савдои ғайрирасмӣ буд. Дар раванди санҷиш ва рейдҳои ниҳодҳои ҳукуматӣ фурӯшандагон дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, нуқтаҳои савдои ғайрирасмӣ фавран ғайб зада, пас аз анҷоми санҷишҳо боз пайдо мегарданд. Новобаста ба ин дар ин раванд корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, ки сокинони пойтахт шоҳиди ҳоланд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор" аз 25 декабри соли 2015 №1269 даврияти гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидории дараҷаи хатарашон баланд дар 6 моҳ як маротиба гузаронида мешавад. Аз ҷониби мақомотҳои назоратӣ дар субъектҳои хоҷагидор ҳамарӯза санҷишҳо гузаронида намешавад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он (на ин ки “СЭС”) 1104 ҳолатҳои қонуншиканӣ дар соҳаи таъмини санитарию эпидемологӣ ошкор карда шудааст, ки дар 874 ҳолатҳои ошкоркардашуда ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 142140 сомонӣ муқаррар гардида, дар 230 ҳолати ошкоргардида ҷазои маъмурӣ ба тариқи манъ намудани фаъолияти корӣ андешида шудааст. Инчунин 115 мавод ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои чораҷӯӣ ирсол гардидааст.
Маврид ба зикраст ки тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” аз 19 марти соли 2013 №943, ташкили фурӯши мол (иҷрои кору хизматрасонӣ) дар бозор ба зимаи маъмурияти бозор вогузор карда мешавад. Дар доираи фаъолияти мазкур маъмурияти бозор ҳамарӯза санҷиши талаботи зеринро бояд амалӣ намояд:
- корти фурӯшанда бо зикри насаб, ном, номи падари фурӯшанда ва номи ташкилот;
- ҷойҳои савдои аз ҷониби онҳо ишғолкардашуда.
Дар назди бозорҳо озмоишгоҳи бойторию санитарӣ, духтури байтор, санитарӣ фаъолияти корӣ доранд, ки онҳо бевосита тобеъияти бозор ва кормандони бозоранд.
Намунаи маҳсулот дар бозорҳо аз ҷониби кормандони бозор ба амал бароварда мешавад, на аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ.
Директор А.Ҳабибов”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |