Мусодираи “Мерседес”-и шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия
Додгоҳе дар Красноярски Русия қарори мусодираи “Мерседес-Бенс”-и як шаҳрванди Тоҷикистонро содир кардааст.
Қаблан, дафтари матбуоти хадамоти гумруки Красноярск хабар дод, ки дар Дивногорск бо иттиҳоми нақзи қавоиди воридоти муваққат як сабукрави “Мерседес-Бенс” бо рақами қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боздошт кардаанд: “Ронанда, шаҳрванди Тоҷикистон эъломияи гумрукии воридоти муваққатро, ки ба таври имтиёз напардохтани молиёти гумрукиро дар назар дорад, пешниҳод намуд, ки муҳлати он ҳанӯз моҳи сентябри соли сипаришуда гузаштааст”.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел парвандаи маъмурӣ боз шуда, мошин ба таваққуфгоҳи назоратшаванда бурда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |