Вазир: Гюлен барои Туркия мисли Усома бин Лоден барои ИМА аст...
Бекир Боздаг, вазири адлияи Туркия созмони Фатҳулло Гюлен, руҳонии муқими Амрикоро хатарноктар аз террористони ДИИШ ва Ҳизби коргарии Курдистон, ки Туркия бо онҳо мубориза мебарад, хондааст.
Ӯ дар суҳбат бо нашриёти амрикоии “Huffington Post” гуфтааст, созмони “FETÖ”–и Гюлен созмони террористии формати нав аст: “Ҷонибдорони ин созмон қадам ба қадам ба мақомоти давлатӣ шомил шуда, талош мекунанд, дар ниҳоят онро зери итоати худ дароваранд”.
Ба гуфтаи вазири адлия, Фатҳулло Гюлен барои Туркия монанди Усома бин Лоден барои ИМА мебошад.
Туркия тарафдорони Гюленро дар талоши кудетои нокоми шаби 15 ба 16 июл муттаҳам мекунанд. Дар пайи ин кудето дар Туркия ҳазорҳо нафар мутахасисони бахшҳои мухталиф боздошт шуданд ва ин кишвар аз Амрико истирдоди Фатҳулло Гюленро тақозо кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |