Имзои Назарбоев барои зӯрӣ накардан алайҳи Тоҷикистон
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон қонун дар бораи созишномаи шарикии стратегӣ бо Тоҷикистонро ба имзо расонд, ки бар асоси он ҷонибҳо наметавонанд алайҳи ҳамдигар аз таҳдиду зӯрӣ истифода кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон иттилоъ дода, афзуд, ки созишнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон ҳанӯз 14-уми сентябри соли 2015 ҳангоми сафари Назарбоев ба Душанбе имзо шуда буд.
Бар асоси ин созишнома Остона ва Душанбе масъул шудаанд, то аз аз истифодаи таҳдиду зурӣ алайҳи ҳамдигар худдорӣ кунанд. Муваззаф шудаанд, бо кишварҳои сеюм, ки ба мустақилият, амният ва ягонагии ҳудудии яке аз ин кишварҳо таҳдид мекунад, созишнома набанданд.
Инчунин созишномаи мазкур густариши ҳамкориҳо дар умури низомӣ, фарҳанг, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва мудофиаи гражданиро фаро мегирад.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин созишномаро ҳанӯз охири соли гузашта ба тасвиб расонда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |