Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон фардо, 1 ноябр ба Русия меравад. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Туркманистон хабар додааст.
Ин ниҳод дар бораи ин сафар маълумоти бештар ироа накарда, танҳо иттилоъ додааст, ки аз замони дар курсии раисиҷумҳурии Туркманистон нишастани Бердимуҳаммадов (феврали соли 2007) ин 12-умин боздиди ӯ хоҳад буд.
Бори охир Бердимуҳаммадов моҳи декабри соли 2011 аз Русия дидан намуда, бо президент
Дмитрий Медведев ва раиси ҳукумат
Владимир Путин мулоқот намуд.
Мӯҳр