Бахшҳо

Қавидил: Ҳеч касе ба ҳоли муҳоҷирини афғон дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад (ВИДЕО)

“Тобу боло”. Филми ҷадиде, ки кораш ба тозагӣ ба поён расида ва фарозу нишебҳои муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистонро ба тасвир кашидааст. Ин филм аз сӯи Фақир Муҳаммад Қавидил, ҳунарманди афғон, ки 9 сол мешавад, дар Тоҷикистон муҳоҷир аст, таҳия шуда. Қавидил 9 сол пеш дар филме бо номи “Нанг” нақшофаринӣ кард ва ҳамон филм ӯро аз Афғонистон ба паноҳандагӣ дар Тоҷикистон кашонд. Ӯ мегӯяд: “Дар филми “Нанг” бо бонуе нақш бозӣ кардам, ки хонуми як “Толиб” буд. Пас аз нақшофарӣ он зан ба дасти шавҳари толибаш кушта шуд ва он толиб ба дунболи ман омад, то маро низ бикушад”.
Достони муҳоҷир шудани Қавидил аз ҳаминҷо оғоз шуд.



Ин ҳунарманди афғон меафзояд, аз он замон то кунун бо сиёҳрӯзиҳои фаровоне дучор шуд. “Дар Тоҷикистон бо бесарнавиштӣ ба сар мебарем ва ҳеч касе таваҷҷуҳе ба ҳоли муҳоҷирини афғон дар Тоҷикистон надорад. Талхии зиндагии муҳоҷират бисёр аст, зеро дар Тоҷикистон фурсати шуғлӣ вуҷуд надорад”,-таъкид мекунад ӯ.

Ноамниҳои рӯзафзун, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва душвориҳои иқтисодӣ дар Афғонистон далоили аслии муҳоҷир шудан шаҳрвандони Афғонистон ба шумор меравад. Бар бунёди оморҳо танҳо дар Эрон ва Покистон, ду кишвари ҳамсояи Афғонистон наздик ба севуним миллион шаҳрванди Афғонистон муҳоҷиранд. Аммо дар ин миён, бештарин нухбаҳо, донишомӯхтаҳои Афғонистон ба далели ноамнӣ ва ояндаи мубҳам кишварашонро тарк мекунанд.

Қиём Нурӣ, хабарнигори 25-солаи афғонест, ки аз сӯи “Толибон” ба далели корҳои хабарнигориаш таҳдид ба марг шудааст. Ӯ ҳашт моҳ пеш маҷбур шуд, кишварашро тарк намуда, барои даст ёфтан ба оромиш ва муҳити амн ба Тоҷикистон биёяд. Аммо ба гуфтаи Қиём, рӯзгораш дар Тоҷикистон ҳаммонанди рӯзгори Фақир Муҳаммад Қавидил душвор ва хароб буд. Мегӯяд, “дар Тоҷикистон вазъияти муҳоҷирони афғон хеле хароб буд ва аз тамомии ҳуқуқи инсониашон маҳруманд”.

Қиём Нурӣ ҳамчунон таъкид намуд: “Аз вазъияти кунунам дар Афғонистон низ розӣ нестам ва бо мизони рӯзафзуни ноамниҳо дар Афғонистон фикр мекунам ояндае дар Афғонистон надорам ва агар роҳи қонунӣ пайдо кунам, дубора муҳоҷират мекунам”.



Бар бунёди оморҳо ҳамакнун беш аз 2000 паноҳҷӯйи афғон дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки парвандаи хеле аз онҳо бо гузашти беш аз 5 сол ҳанӯз ба фарҷом нарасидааст.

Аммо падидаи муҳоҷирати нухбаҳо ва рӯшанфикрони афғон як сӯи дигар низ дорад ва танҳо ба ин бесарнавиштиҳо хулоса намешавад. Лайлимо Садид, бонуи хабарнигор, ки чаҳор сол аст, ба ҳайси хабарнигори озод дар Белгия ба сар мебарад, мегӯяд, дар Афғонистон низ хабарнигор буд, аммо ба таҳдидҳои амниятӣ ва душвориҳое, ки дар фазои корӣ ба унвони як бону ба онҳо рӯбарӯ буд, сабаб шуд, то ба Аврупо биёяд. Лайлимо мегӯяд: “Омадан ба Аврупо ба хости ман набуд. Маҷбур ба тарки кишвар шудам, чун ба унвони як хабарнигорбону натавонистам дар Афғонистон идома диҳам. Кор кардан ба унвони як хабанигор дар Белгия воқеаън хуб аст. Сонсур надорам ва зиндагиам тағйири мусбат карда, зеро дар инҷо амният дорам”.



Ба бовари бархеҳо, фирори нухбаҳои Афғонистон ба далели ноамнӣ ва мубҳам будани ояндаашон дар Афғонистон ба унвони як чолиши бузург садди ҳукумати Афғонистон қарор дорад. Чолишҳое, ки агар бо он дуруст бархурд нашавад, мумкин дар солҳои ояндаи Афғонистон ба камбуди кадр ва нерӯи кор дучор гардад.
Мӯҳр
Бародари афгони мо точикон худ дар Точикистон бетавачух хастем. Агар сум дошта боши дар Африко хам бо тавачух хохи буд, агар надошти тамом

Ба бародарони афгон сабру токат мехохам. Точикистон дар он вазияте нест ки шуморо дасгири кунад. Чун ки 1000000 мардуми худ мухочир аст ва азхукуки онхо дифо карда наметавонад. Аз кучо расад ба хукуки дигар мухочирон.


Бародар Афгон дар Точикистон натанхо мухочирони Афгон махруманд аз хама имконият балки худи мо точикхо низ як латаи сари шигем дар чашми ин хукумат. Инчо харки агар зистан хохад аз бахри хама чиз бояд гузарад ва хеч даъво ё хохише бояд надошта бошад аз давлат!!!!

ТОҶИКОИ ХУДАМОНАЙ АФҒОН НЕСТАН ТОҶИКАН.ЧАРО МАҚОМОТ ФИГРИ МИЛЛАТИ ХУДАШРО НАМЕКУНАД .ДАР ВАҚТИ ҶАНГИШАРВАНДИ МУШОҶИРОИМОРО ҲУРМАТУ ЕҲТИРОМ КАРДАН.СУЛҲИ ТОҶИКИСТОНА .АҲМАТШО ВА РАББОНИ ТАШКИЛ КАРДАН.ФАРОМУШКАРДИ .ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Салим
Ин бечораҳоро номашон дар Афғонистон байни паштунҳо тоҷик асту ҳарруз террорашон мекунанд. Вақте ки назди ҳаммилатҳоояшон Тоҷикистон гурехта меоянд- инҷо мегӯянд, ки "афғон" омад...
Афғонҳо ҳамчун афғон қабулашон надоранду тоҷикҳо тоҷик..

Салим, Аз барои Худо дар Точикистон сулх ва амони аст, ки арзиши бебахост. Бетафовут мондан маънои дастгири накарданро надорад, мантик кучост. Албатта Точикистон аврупо нест вале ба кадри имкон афгонхоро дар дилу дида мебардорад. Фаромуш набояд кард, ки аксари мардуми афгон Точикистонро хамчун кишвари транзити истифода менамоянд. Дастгирии аз хама бузург ин таъмини амнияти шумост мухочирон-мехмонони азиз! Боки саломат бошед ба кавле гургро пойхояш мехуронанд.

Вафо
Суханони ахмадшо сад дар сад дуруст аст точикистон аврупо нест ,ки кумакпулии хармоха дихад асоси ин аст ки дар мамлакати тинч тичорати озод менамоянд бародарони афґон .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)