Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мудири дафтари ҳамкории Швейтсария бо Тоҷикистон Петер Микула мулоқот кард.
Тибқи иттилои ВКХ, вазир дар оғози нишаст аз вазъи муносибот миёни Тоҷикистон ва Швейтсария изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши намояндагии мазкурро дар амалигардонии барномаҳои кӯмак ва рушд дар Тоҷикистон қайд кард. Дар навбати худ, ҷаноби Микула доир ба таҳияи Стратегияи нав барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2012-2015, ки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистонро дар бар мегирад, иттилоъ дод. Зикр шуд, ки Стратегияи мазкур бештар ба татбиқи бахшҳои обтаъминкунӣ, тандурустӣ, рушди бахши хусусӣ, волоияти қонун ва мудирияти захираҳои обӣ дар сатҳи минтақавӣ равона хоҳад шуд, ҳамчунин бархе аз барномаҳои бахши энергетика низ идома хоҳанд ёфт.
Бо дарназардошти теъдоди зиёди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ, Зарифӣ гуфт, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки агар дафтари ҳамкории Швейтсария дар якҷоягӣ бо вазорати маориф ва Хадамоти муҳоҷирати кишвар барномаи забономӯзӣ ва таълимиро ҷиҳати бозомӯзии ҷавонони тоҷик таҳия намояд. Петер Микула пешниҳоди вазири корҳои хориҷиро ҷонибдорӣ карда, итминон дод, ки он мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Мӯҳр